Субҳи имрӯз, 19-уми декабр, соати 10:39 дар Тоҷикистон заминларза рӯй дод.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ, маркази заминларза дар 189-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 118-километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Шаҳритус, 114-километрии ҷанубу ғарби шаҳри Кӯлоб дар қаламрави Афғонистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 5 баллро ташкил додааст.
“Қувваи заминларза дар шаҳри Душанбе 2-3 балл, дар шаҳри Кӯлоб 3 балл ва дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ 2 баллро ташкил додааст. Тибқи маълумотҳои пешакӣ, дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”,- навиштааст манбаъ.