Алҳол ман дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунам ва сохтмони хонаи навинам ҳанўз ба анҷом нарасидааст.
Оё дар пардохти закот хона ва мошин ҳисоб мешавад?
Амин, ш. Ваҳдат.
Посух:
Бародари азиз, агар шумо ба миқдори 32300 сомонӣ маблағи нақд ё ашё ба нияти тиҷорат дошта бошед, дар ин ҳолат пардохти закот бар шумо воҷиб мешавад. Аммо дар хонае, ки барои сукунат бошад ва мошине, ки мавриди истифода қарор дорад, закот воҷиб нест.