formula
Захмиёни қубодиёниро ба Душанбе меоранд
843

3 нафар захмиёни бар асари таркиши “Заправка” дар ноҳияи Қубодиён сахт ҷароҳат бардоштаро ба шаҳри Душанбе барои табобат меоранд.

Ёдрас мешавем, ки даркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон рӯзи 21 феврал сар зада, бар асари он 14 нафар захм бардошта буданд.


Аз беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён ба смонаи “Фараж” хабар додаанд, ки дар Маҷмаи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон дар ноҳияи Қубодиён аз се нафар захмиёне, ки дар ҳолати вазнин қарор доштанд, як нафараш пас аз як рӯзи ҳодиса, рӯзи 22 феврал вафот карда, ду нафари онҳо рӯзи якуми марти соли ҷорӣ ва як нафари дигар рӯзи 2-юми мард барои идомаи табобат ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуд.
Қобили зикр аст, ки бар асари таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Қубодиён 6 мошин ба коми оташ рафта, ҷамъулҷам 14 нафар захм бардошта буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД