Зафар Сайидзода, Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург, ба як муҳоҷири қаҳрамони тоҷик, ки зани русро бо тифли ширхорааш аз коми марг наҷот додааст, миннатдорӣ баён намуда, ба ӯ "Ифтихорнома" супурд.
Манучеҳр Расулов дар як сохтмон дар шаҳри Екатеринбурги Русия кор мекунад. Ин муҳоҷири тоҷик рӯзи 1 август аз бинои сӯхтаистода як зани русро бо тифлаки ширхорааш берун бароварда, ҷони модару кӯдакро аз панҷаи марг наҷот бахшид.
Ҳодиса дар маҳаллаи “Светлый”-и Екатеринбург рӯй дода, дар як бинои истиқоматӣ сӯхтор сар задааст. Зани ба даҳшат афтида тифли ширхораашро бағал карда, ҷонҳавл худро ба балкон зада бошад ҳам, бо сабаби маҳкам будани дар наметавонад аз хонаи оташгирифта берун шавад.
Дар ҳамин лаҳзаи бисёр ҳасос ва душвор муҳоҷири тоҷик Манучеҳр Расулов ба имдоди ин зани рус расида, дарро бо болға мекушояд ва модару кӯдакро аз коми фағонаи оташ берун мекашад.
“Зафар Сайидзода, Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург рафтори ин муҳоҷири тоҷикро қаҳрамонӣ ва амали инсондӯстона номида, ба Манучеҳр Расулов грамотаи фахрӣ супурд", - навиштааст Консулгарӣ.
Ёдрас мешавем, ки қаблан ширкати сохтмоние, ки Манучеҳр Расулов он ҷо кор мекунад, ин муҳоҷири қаҳрамони тоҷикро қадрдонӣ карда буд.