Formula novemver 2024
Забонатро мебуррам, муаллима!
885

Бо амри раиси Кумитаи тафтишотии Россия Александр Бастирикин нисбати як муҳоҷири меҳнатӣ барои таҳқири омӯзгор ва таҳдид намудан ба муаллимаи писараш парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуд. Муҳоҷири меҳнатӣ дар таҳдид ба куштор муттаҳам дониста мешавад.

Ҳодиса дар Челябинск рӯй дода, байни як муҳоҷири меҳнатӣ ва муаллимаи рус, ки дар мактаб ба писараш дарс мегуфтааст, моҷаро сар мезанад. Ба иттилои svpressa.ru гӯё ин муаллима ба хонандаи муҳоҷираш иҷозати дар вақти дарс бо забони модариаш гап заданро надодааст. Аз ин моҷаро огоҳ шуда, падари хонанда ба сари омӯзгор рафтааст ва муаллимаро таҳқир карда, таҳдид намудааст, ки агар бори дигар чунин рафтор кунад, забонашро мебурад. Вазъи саломатии муаллима баъди ин моҷаро якбора бад шуда, ба беморхона афтидааст.

Айни замон нисбати падари хонандаи муҳоҷир барои таҳқир кардан, таҳдиди буридани забон ва куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Миллати марди муҳоҷир маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД