Tayron Test For
ЮНИСЕФ 13- ТОННА МАВОДҲОИ ТИББӢ БА ТОҶИКИСТОН ИНТИҚОЛ ДОД
498

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон маводҳои тиббии зарӯриро барои дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди COVID-19 дастрас намуданд.

Субҳи якшанбе, маводҳои лозима, ки аз тарафи ЮНИСЕФ Тоҷикистон дастрас шудаанд, аз тарафи Намояндагии Аврупо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ гардидааст ва тақрибан аз 13 тонна маводҳои тиббӣ иборат мебошад, ба Душанбе расиданд. Ин маводҳо аз таҷҳизоти муҳофизатӣ шахсии зарурӣ (ТМШ) — 36,250 либоси муҳофизатӣ, 40,320 ниқобҳои тиббии N95 ва 720 ҳароратсанҷҳо иборат мебошанд. Маводҳои зерин тақрибан 30 фоизи (умумӣ 64 тонна) таҷҳизотҳои маслиҳатшудаи дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯбаи барномаи вокуниши таъҷилии Тоҷикистон ба COVID-19 дар бар мегирад ва аз ЮНИСЕФ татбиқ карда мешавад.

Тамоми маводҳо дар асоси ҳамкори ва мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода, харидорӣ шудаанд. ЮНИСЕФ Тоҷикистон маводҳоро мустақиман ба муассисаҳои интихобшудаи тиббии кишвар дастрас менамояд ва ҳамзамон механизми махсус барои арзёбии ниёзҳо ба маводҳои тибби ба ҷо гузошта мешавад. Бо 1.3 миллион ЕВРО, 1,500 мутахассисони тиббӣ дар беморхонаҳо ва муассисаҳои карантинӣ бо таҷҳизотҳои зарурии муҳофизатии шахсӣ, аз ҷумла ниқобҳои тиббӣ/ҷарроҳӣ, респираторҳо, дастпӯшакҳо ва халатҳо ҷиҳозонида мешаванд, ки ин имконияти лозима барои нигоҳубини 40,000 беморони COVID-19 медиҳад. Чорраҳои ҳадди ақал барои татбиқи самароноки пешгирии сироят ва назорат дар муассиҳаои интихобшуда ба ҷо оварда мешаванд.

Хонум Мэрлин Йосефсон, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мегӯяд: “Ин пандемияи бисёрҷониба сатҳи бесобиқаи сафарбаркуниро дар миқёси худи кишварҳо талаб менамояд, ҳам аз ҷиҳати миқёс ва ҳам амал. Аммо, бо таҷрибаи дар Аврупо ва дигар қисмҳои ҷаҳон ҷамъ шуда, — фаъолияти густариши ва якҷоя роҳи аз ҳама самараноки бартараф намудани ҳам буҳрони сахти тиббӣ ва ҳам кам кардани таъсири манфии дарозмуддати иқтисодӣ ва иҷтимоии он мебошад. Ҳоло вақти ҳамкорӣ ва якдилӣ аст, чун сироят миёни одамон табъиз ва сарҳадҳоро эътироф намекунад. Танҳо вокуниши зуд, бузург ва ҳамоҳанг метавонад дар наҷоти умрҳо, ҳифзи одамон ва бартараф кардани оқибатҳои манфии иқтисодӣ ёрӣ расонад. Иттиҳоди Аврупо ҳамчун яке аз донорҳои пешсафи дастгирикунандаи низоми тандурустӣ дар Тоҷикистон, дастгирии худро пурзур карда ва кӯмак ба вокуниш ба COVID-19 дар кишварро ҳамчун самти афзалиятноки нав муайян кардааст. Дар якҷоягӣ бо ЮНИСЕФ, ҳамчун қадами аввал, барои дастгирии таъмини беҳтари кормандони тиб, ки дар сафи пеш амал карда ҷони худро барои наҷоти дигарон дар хатар гузоштаанд, мо ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ захираҳои иловагиро сафарбар намудем. Иттиҳоди Аврупо бо ЮНИСЕФ, донорҳои дигар, мақомотҳои давлатӣ, фаъолони ҷомеа инчунин дигар қисмҳои ҷомеа, барои фаъолона илова кардан ба саҳми мо дар кӯшишҳои якҷояи суст кардани эпидемия ва оқибатҳои манфии дарозмуддати он фаъолияти зичро идома хоҳад дод. Ин дави марафон аст, на ин ки спринт.”

ЮНИСЕФ Тоҷикистон ҳамеша тайёр аст ҳамкоронро аз Ҳукумати Тоҷикистон дастгири намояд ва аз моҳи феврал ин ҷониб, мувофиқи дархости Ҳукумат, чор бастаҳои ТМШ, мафодҳои безараркунӣ ва маҳсулотҳои лозимаи гигиенаро харид ва дастраси ҳамкорон намудааст. ЮНИСЕФ инчунин яке аз пешсафони Иртиботи хатар ва ҷалби ҷомеа (риск коммуникации) буда, тариқи шарикон барои истеҳсоли маводҳои зарурии иртиботӣ баҳри дастгирии пешгирии ва профилактикаи COVID-19 дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла беморхонаҳо ва муассисаҳои асосии тиббӣ, пурзур кардани тавоноии мутахассисони таб ва кормандони сафи пеш дар вокуниши кофӣ ба хатари COVID-19 фаъолият карда истодааст.

Хонум Зайнаб Ал-Аззави, Муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон илова кард: “Фаъолияти наҷондиҳандаи ҳаёти мутаххасисони тиббии сафи пеш ва мутаххасисони тиббӣ имрӯзҳо аз ҳама зарур аст. Дар авҷи ин пандемия, ҳифз ва бехатарии ин қаҳрамонҳо самти афзалиятнокӣ зарурӣ мебошад. Мо дар паҳлуи шариконамон аз Вазорати тандурустӣ буда барои сафарбар кардани шарикон, шабакаи ҷаҳонии худро барои дастгирии таъмини маводҳои муҳим, ҷалб намоем то ин ки ниёзҳои

Rustam Oila, [18.05.20 20:39]
техникӣ дар иртиботи хатар ва бехатар нигоҳ доштани ҷомеа дастгирӣ шаванд. ”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Tayron Test For 2