Arzon march 2024
Язнаам ба ғазаби Худо гирифтор шуду... (Қисми 2)
11.12.2022
ҲИЛОЛА
2159

 

Холаам ҳама буду шудашро сарф намуда, маъракаҳои пеш аз тӯйро гузарониду рӯзи тӯйи моро низ муайян карданд. Намедонистам, чӣ гуна доманбохта буданамро ба холаам гӯям, мехостам худкушӣ кунам, вале язнаам хонаро хилват ёфта гуфт:

-Ту ғам махӯр, фардо бо баҳонае ба беморхона назди ман биё…

Рӯзи дигар ба донишгоҳ меравам гӯён, ба беморхона назди язнаам баромадам, ӯ дари утоќи корияшро баста, ба доду фиғони ман нигоҳ накарда, боз ду бори дигар он амали нангинашро такрор карду баъд маро болои мизи ҷарроҳӣ баровард.

Шумо намедонед, ки чӣ азобу шарм маро болои мизи ҷарроҳӣ нигарон будааст, онро танҳо худам медонистаму оне, ки маро офаридааст….

Роҳ рафта наметавонистам, бо як азоб то мошини язнаам расидам, аз хона то ошёнаи сеюм бошад, язнаи худозадаам пояш зарб хӯрдааст гӯён, маро болои даст бардошта баровард, хайрият ғайри кампири Хосият каси дигар моро надид.

Барои бесоҳибиям хориям меомаду дарди пойи набударо баҳона карда гиристаму гиристам, охир, агар ман модару падар медоштам, магар ба ҳамин ҳол мезадам?

Холаам аҳволи маро дида, ба даҳшат афтоду, “а духтар, пешата нигоҳ намекунӣ” гӯён, бароям ба хонаи хоб, хӯроку чой овард. Язнаам ду ҳабро ба ман дод, ки нӯшам, баъди нӯшидани дору дигар дардро эҳсос намекардам. Саҳар хеле дер бедор шудам, аҳволам каме хубтар буд…

                          Тӯю мотам

Бисёр мехостам зудтар ин хонаи наҳсро тарк кунам, зеро дигар на тоби дидани язнаи ҳаромам ва на тоби дидани холаи бемору бехабарамро доштам.

Тӯйи мо дар ҳалќаи хешу табору ёру ошно хеле хуб гузашт, домоди бечора низ пай набурд, ки ба хонааш як зани доманбохтаро овардааст, ҳарчанд виҷдонам азобам медод, вале оҳиста-оҳиста бо шавҳару хушдомани меҳрубонам унс гирифта, моҷароҳои талхи ба сарам омадаро фаромӯш кардам.

Пас аз се моҳи тӯйи ман холаам ин оламро падруд гуфту дили вайронаи маро ғамхона кард, язнаам баъди додани чили холаам як занро ба хонааш оварда, эълон дошт, ки бо ин зан 14 сол боз зиндагӣ мекунаду як духтар низ дорад.

Бародарам Субҳон зану фарзанди падарашро хуб ќабул карду боз ба Маскав рафт, оилаи мо бошад, бо тавсияи хушдоманам ба яке аз ноҳияҳои атрофи пойтахт кӯчид. Дар ҳавлии барҳаво, боғу роғи дилкушо соҳиби ду фарзанд, шудам, писараку духтаракам ҳама ғамҳои маро аз дилам шустанд.

Субҳон бо русдухтаре издивоҷ карда, дар Маскав монд. Ман ба хонаи язнаам намерафтам, аз ахволи ӯ гоҳ-гоҳе шавҳарам хабар мегирифту маро бо сангдилӣ айбдор мекард. Ягона ҷое, ки ман мерафтам, хонаи тағоям буд, янгаи меҳрубонаму тағодухтарҳоям низ ҳамеша аз ҳоли ман хабардор буданд…

                         Худозада

Як шоми сарди зимистон шавҳарам аз кор баргашта гуфт:

-Занак, язнаат аз сактаи ќалб фавтидаасту ба хонааш меравем.

Хушдоманам оҳу войкунон аз ҷояш хест, фарзандонамро низ либос пӯшонида, ҳамроҳам гирифтаму роҳакӣ шудем. Мо дар хонаи модарам, ки акнун ба номи ман буд, донишҷӯдухтаронро иҷора мешинондем, фарзандонамро назди онҳо гузошта, ба хонаи язнаам рафтем. Болои сараш хоҳари ягонааш ашк мерехт, ӯ маро дида, аз ҷояш хесту ба оғӯшам гирифта гуфт:

-Ана духтари акаам омад, духтаре, ки обрӯю нанги акаам буд…,- баъди ба хок супоридани язнаам аз забони хоҳараш фаҳмидам, ки ӯ духтари ќадрасашро дар бистар бо рафиќи ҷонияш дошта, дилкаф мешавад. Духтари язнаам беибо гуфтааст, ки бо рафиќи падараш ҳанӯз аз чордаҳсолагӣ ишќварзӣ мекунад. Инро шунида, худ ба худ гуфтам, ки оҳи дили мани сағира язнаи худозадаамро гирифтааст, дилам заррае дар марги язнаам насӯхт…

Ман имрӯз аз чизе танќисӣ надорам, Худованд ба ман ба ҷойи модараму холаам хушдомане додааст, ки ҷонашро аз ману фарзандонам дареғ намедорад. Вазифаи хубу эҳтирому обурӯ низ дорам дар ҷойи корам, танҳо ба хотири як чиз ин ќиссаро навиштам, бе ном ҳам бошад навиштам, ба умеде, ки ба нохалафе дарси ибрат шавад.

Ба касе чӣ дарде бахшидӣ, ӯро Худои бузург ва зиндагӣ ба ту бармегардонанд, аз мукофоти амал ғофил мабош!

                                                                         

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД