arzon replenishment
ЯЗНА ҲЕҶ ГОҲ ПАДАР НАМЕШАВАД!
7258

Вақте ду сола будам, падару модарам аз дунё гузаштанд. Акаам он замон 28-сола буд, бо баҳонаи он ки занаш маро қабул намекунад, маро ба дасти холаам супориданд.

Аз хурдӣ холаамро оча ва язнаамро дада мегуфтам. Гумон доштам, ки падару модари асосиам ҳаминҳо ҳастанд. Холаам боз ду духтар дошт, ки то ба ҳол онҳоро апа мегӯям.

Бачагиам дар хонаи холаам гузашт. Он солҳо барои мактаббачагони ятим сару либос медоданд. Дар мактаб ятимонро бо сару либос таъмин мекарданд ва номи ман дар қатори аввалинҳо буд. Вақте ба дастам сару либосро дода, сарамро сила мекарданд, қаҳрам меомад, ки охир, ман ятим нестам-ку? Гирякунон назди «очаам» меомадам. Аз «дадаам» сахт метарсидам. «Модарам» сарамро сила карда, маро ором мекарду дурӯғ мегуфт, ки “бо сабаби камбизоат буданамон ба ту сару либос медиҳанд”.

Вақте дастёрак шудам, тамоми кори хона бар дӯши ман буд. Холаам моли зиёд дошту ман ҳамаашро нигоҳубин мекардам. Рӯзе молҳои хонаро ба боғ бурдам. Бузғолачаҳои ширмаст ҷастухез карда, аз як тараф ба тарафи дигар медавиданд. Ҳамон рӯз бузғолачаҳо маро хуни ҷигар карданд. Аз гапногирии ҷонваракон сахт хашмгин шуда, чӯберо аз замин бардошта, сӯяшон ҳаво додам. Онҳо сари роҳ давида баромаданд ва ногоҳ мошини ҳамсоя пои бузғоларо зер кард.

Ҷонвари безабон бааскунон ба замин афтод. Талхакаф шуда, бо пойи ларзон болои сараш рафтам. Бузича кӯшиши аз ҷояш хестанро карду боз ба замин афтод. Пояшро ба замин монда наметавонист. Медонистам, ки пояш шикастааст. Қариб ҷон аз дасту поям баромада буд. Андешаи он ки “падарам фаҳмад, чӣ кор мекарда бошад”, маро пешакӣ ба даҳшат оварда буд. Ба замин нишаста, инони гиряро сар додам. Молҳои бесоҳибмондаи мо ба боғи марди ҳамсоя даромаданду вай дашномкунон молҳоро сур карда, то ба назди ман омад. Вақте мани гирёнро дид, аз аспи ҷаҳл фаромада пурсид:

-Ҳа, Фирӯзҷони сарсахт, хобат бурд-чӣ, молҳо бесоҳиб монданд.

Аз нарм гап задани ҳамсоямард ба ҳайрат омада, боз бо садои баланд ба гиристан даромадам. Вақте шикастани пои бузғолачаро нақл кардам, марди дилсӯз ба сари бузғолачаи чӯлоқ омада, маро сарзаниш кард, ки кори хуб накардаам ва язнаи золимам ҷазои маро медиҳад.

Он мард ба хонааш рафта, чанд дона чӯби майдакарда ва докаи сафед оварда, пои бузғолачаро баст. Дили ман аз гапи ҳамсоямард боз ба ваҳм даромад. Золим будани падар –язнаамро медонистам, вале аз гапи ҳамсоя бештар тарс дар дилам ҷо шуд. Он рӯз дар хона шӯре барпо гашт. Дада-язнаам бузғолачаи пойшикастаро дида, гӯё фарзанди азизашро ба ин ҳол дида бошад, сангеро ҷониби ман ҳаво дод. Каме худро қафо кашидаму санг ба банди поям расид. Аз зарби хӯрдаам ба замин афтодам. Хун аз банди поям фаввора зад. Холаам чун балогардон худро ба болоям партофт. Бо вуҷуди ин, ба тани нозуки ман чандин зарбаҳои пои падар- язнаам расид. Хуни поям ист намекард. Оҳиста-оҳиста аз ҳол рафтам. Аз доду войи дадаам зани ҳамсоя, ки духтур ҳастанд, ба хонаамон омад. Маро ба ин ҳол ва ҷароҳати поямро дида, ҷониби хонааш шитофт. Дору ва дока оварда, поямро сахт баст. Ман аз дард нолиш мекардам. Духтури раҳмгин сӯзандоруҳои таскиндиҳанда карду маро хоб бурд. Дадаам ба овози баланд дашномкунон мегуфт:

-Сағера як чиз мешаваду сағерапарвар не.

Ман ба маънии суханони вай сарфаҳм намерафтам. Зани ҳамсоя косаи ордоб овард ва дар болои сарам истода:

-Бачаи бетолеъ,-гуфта буд.

Бача, ки будам, поям тез шифо ёфт. Дарду аламро фаромӯш кардам. Танҳо падарам маро бахшида наметавонист. Ба чашмаш намоён мешудаму дашном медод. Гумон доштам, ки аз шикастани пои бузғолача сахт ғамгин шудааст. Худам низ ба бузғолачаи пошикаста нигоҳ карда, дилам ба ҳоли вай месӯхт.

Ҳамин тавр, ба синни 20 қадам гузоштам. Рӯзе акаам ба аёдатам омада, ба ман чунин гуфт:

-Ин зане, ки модар мегӯӣ, модари ту нест, холаат аст. Марде, ки дада мегӯӣ, язнаат аст. Падару модарамон замони хурдсол будани ту аз дунё гузаштанд, ман бошам, туро ба холаам додам.

Ба гапҳои акаам бовар карда наметавонистам. Дигар ин хонаву дари калоншудаамро чашми дидан надоштам. Аз хонаи холаам баромада, ба Душанбе омадам. Ба хонаи акаам низ нарафтам. Ба бозор рафта, барои худ сару либос харидаму дар хонаи як дӯстам истодам. Дар он ҷо низ рӯзи хуше надоштам. Бо азоб рӯзро саҳар мекардам. Ҳамин тавр, бо сад азобу машаққат донишгоҳро хатм кардам. Мисоли дигар ҳамватанонамон ба муҳоҷират, ба шаҳри Маскав рафтам. Корам дар муҳоҷират омад кард. Рӯзҳо мегузаштанд ва синну соли ман низ ба вақти зангирӣ расид. Ба Ватан баргаштам ва аз пулҳои ҷамъкардаам дар шаҳр хона харидам. Як рӯз дар хона машғули либосшӯӣ будам, ки тағоям дари хонаро кушода даромад ва маро дар ин ҳол дида, доду фиғонаш баромад. Дарҳол ба акаам занг зада, ӯро сарзаниш кард. Ба ман ваъда дод, ки маро оиладор мекунад.

Язна ва холаам, ки маро калон карда буданд, аз ман ранҷида буданд. Мани сарсахт чӣ кор карданамро намедонистам. Дар ҳақиқат тағоям маро оиладор намуд. Соҳиби чор фарзанд шудем. Ман барои писаронам ҳам бобо ва ҳам падар будам. Касе ба хабаргирии мо намеомад. Зани боақлам маро дар ин рӯзҳо тасалло медод. Рӯзе язнаам, ки падар мешуморидамаш, ба хонаам омаду миннат карда гуфт:

-Сағераи бепадар, дар вақташ тӯйи суннатии туро гузаронида будам. Ман аз туи курнамак ҳамон маблағи сарф кардаамро талаб мекунам. Ҳисоб кардам, ки дар тӯйи суннатиат панҷ ҳазор сомонӣ сарф карда будам. Ба нағзӣ он пулро ба ман деҳ, вагарна занатро аз дар берун мекунаму хонаатро гирифта, худатро овораву сарсон ва ба кунҷи зиндон мебарам.

Захмҳои дилам бештар хуншор гаштанд. Дарк намудам, ки касе ҷои падару модарро гирифта наметавонад ва ҳеҷ гоҳ язна падар намешудааст! Ману занам аз ин тӯҳмати падарам саргаранг гаштаем. Ҳамсарам мегӯяд, ки аз бонк қарз карда, пулашро баргардонида диҳем. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед. Бо язнаам ки ба ман ҳаққи падарӣ дорад, чӣ кор кунам?

   Фирӯз

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД