Дар саҳни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти Вазорат ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор карда шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дидан ба амал оварда, бо кормандони соҳа суҳбат анҷом дод.
- Нархи маҳсулоти зикршуда дар муқоиса ба нархи бозор хеле арзон ва дастрас буд. Кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва дигар сохторҳои зертобеи он тавонистанд зимни баргузории ярмаркаи мазкур бо нархи дастрас маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро харидорӣ кунанд,- меафзояд манбаъ.