arzon replenishment
Янгаам нону хӯрокро қулф мекунад
12.11.2022
ОИЛА
1173


Салом дӯстон. Ман модари ду фарзанд, зодаи Душанбешаҳр ҳастам. Бо сабаби он ки шавҳарам айни замон дар хориҷа қарор дорад, ману фарзандонам муваққатан дар хонаи волидонам зиндагӣ мекунем.

Оилаи мо аз вақташ серу пур буд ва мо ҳеҷ гоҳ аз чизе танқисӣ надоштем. Имрӯз ҳам зиндагии волидонам бад нест, дар нафақа бошанд ҳам, бародарам хонаро хуб таъмин мекунад. Сабаби ба ҳафтанома нома навиштанам як рафтори янгаам аст, ки маро хеле асабӣ мекунонад. Гап сари он аст, ки янгаи ман як одати хеле бад ва барои ман бисёр нофаҳмову паст дорад. Ӯ ҳамеша хӯрданиҳои болаззатро аз мо пинҳон нигоҳ медорад.

Азбаски на модарам ва на ман чунин одат надорем, аз ин кори янгаи гурусначашмам сахт асабӣ мешавам. Янгаам шоколаду чипс, банану нӯшокии кока-коларо дар ҷевони утоқи хобаш пинҳон карда, дар танҳоӣ истеъмол мекунад. Феълу рафтори кӯдакон ба ҳама маълум аст, шояд янгаам аз чашми фарзандони ман ин чизҳоро пинҳон мекарда бошад, вале ман ҳамеша барои кӯдаконам ин чизҳоро харида медиҳам.

Модарам мегӯянд, ки келин баъзан хӯрокҳои дигарро ҳам пинҳон мекунаду баъди пӯсидану вайрон шуданаш онро бурда, ба партов мепартояд. Ростӣ, аз чунин рафтору чунин тарбия хун ба сарам мезанад, вале ба хотири бародарам дандон ба дандон монда, чизе намегӯям. Шукри Худо мекунам, ки хонаву дари обод дорам ва ба наздикӣ ба хонаи худам меравам. Занҳои меҳрубон, ба фикратон рафтори келини мо дуруст аст?
Ш.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД