Салом! Мехоҳам дар як масъалаи муҳим аз шумо маслиҳат бипурсам.
Бо садҳо умеду орзуҳои ширин 10 сол пеш акаамро хонадор кардем, вале намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки келин аз рӯзҳои аввали ба хонаи мо қадам ниҳоданаш бо аҳли оилаамон дағалона муносибат мекард. Азбаски бародарам бачаи бениҳоят хуб ва намозхону хоксор аст, зиндагиашон вайрон нашавад гуфта, аз шаҳри Душанбе хона харида, онҳоро ҷудо кардем. Янгаам ба ҷойи худоро шукр гуфта, ҳурмату иззати шавҳарашро ба ҷо овардан дар шаҳр дугонабоз шуда, аз кӯчаи одамгарӣ тамоман баромад. Бо духтархои бероҳа ҳамроҳ шудааст ва чи коре, ки дилаш хоҳад, кардан мегирад.
Бечора акаам ба хотири пеш бурдани зиндагии зану фарзандонаш дар мулки рус бо сад ранҷу азоб кор мекунад, вале зани худобехабараш заррае парвои ӯро надорад. Занаки шавҳардор фақат дугонабозӣ карда мегардад ва баъзан ҳатто шабҳо ба хона намеояд. Мо, қайсингилҳо ӯро насиҳат мекунем, ки зиндагиатро маҳкам дор, вале дар ҷавоб бешармона мегӯяд, ки акаатон хоҳад, ҳамин хел зан, нахоҳад ҷудо мешавем.
Ба акаам занг зада гуфтам, ки зану кӯдакотона нағз таъмин кунед, ки янгаам ҷудо мешавам гуфта истодааст. Барои ҳаимн як даҳон гап занаш қиёматро қоим кард. Гапҳои худашро ба гардан нагирифта мегӯяд, ки ту ба акаат хабаркашӣ карда, зиндагии маро вайрон карда истодаӣ, ман ҳам зиндагии туро вайрон мекунам.
Ман соҳиби 2 фарзанд ҳастам ва намехоҳам, ки аз рӯйи ин зани бефаросат шуда, зиндагиам вайрон шавад. Ҳайрон мондаам, ки чи кор кунам. Дар дасти ман наворҳои бероҳагии янгаам ҳаст, вале то имрӯз ба касе он наворҳоро нишон надодаам.
Аз шумо маслиҳат пурсиданиям, ки агар янгаи беандешаам ба зиндагии ман мудохила карда, маро хонавайрон карданӣ шавад, он наворҳоро ба падарам ва акаам нишон диҳам ё не?
С.Т.