arzon replenishment
ЯНГА НЕ, МОР
5395

Янгаи ман мисли Узлеми янгаи Борони филми «Садбарги сиёҳ» дар шаттоҳӣ ҳамто надорад. Рӯзе нест, ки дар сари дастархон бо ягон баҳона ҷанҷол бардошта, хӯроки мехӯрдаамонро заҳр нагардонад.

Маро ба бародаронаму бародаронамро бо модарам ҷанг меандозад. Доим бо қошу қавоқ ва суханҳои нешдораш ба асаби дигарон мерасад. Мудом худашро аз дигар янгаҳоям боло гирифта ба ҳар кор бинӣ халонданаш дар дилам задааст. Ғайбат карданро дӯст медорад, ҳар рӯз пойи ягон касро хоида ҳамсояҳоро бадгашту тардоман меномад. Бо андак гап худашро ба касалӣ андохта соатҳо аз хонааш берун намебарояд. Касе айбашро дар рӯяш гӯяд, ба балои бад гирифтор мешавад, ин шаттоҳ чунон борони дашному ҳақоратро ба сараш мерезад, ки одами гуфта аз гапаш пушаймон мешавад.

Забонаш аз забони мор ҳам заҳрнок аст ва рӯзи дароз аз бекорӣ меҷакаду меҷакад. Ба ҳаёти шахсии ман дахолат карданаш ба дилам задааст, телефонамро мекобад, ҷосусӣ карда мегардад, ҳатто аз пасам мепояд, ки бо киҳо гап мезанаму нишастухез мекунам...

Дод аз дасти ин янгаи албастӣ гуфта гиребони тавба медорам!

Раҳима, аз деҳаи Корези ш. Данғара

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД