Sebiston new 2024 october
Якшанбеи хунин дар Ғончӣ
1727

 Куштори бераҳмонаи ду фаррош даҳшатноктарин ҳодисаи шашмоҳаи аввали соли 2022 дар вилояти Суғд буда, аз руй додани ин ҷинояти вазнин 10-рӯз сипарӣ шуд. Ин ҳодисаи ваҳшатбор якшанбеи гузашта, яъне рӯзи 17-июл дар идораи замини ноҳияи Деваштич ба вуқуъ пайваста, яке аз кормандони ин сохтор 2 зани фаррошро, ки барои поккорӣ кардан дар рӯзи истироҳат ба кор баромада буданд, бераҳмона кордборон карда кушт. Ин рӯйдоди хунин натанҳо сокинони Вилояти Суғд, балки тамоми Тоҷикистонро таккон дода, тахмину гумонҳо дар бораи ин ҳодисаи ваҳшатбор хеле зиёданд, вале касе аниқ гуфта наметавонад, ки чаро дар рӯзи равшан як корманди идораи давлатӣ 2 фаррошро, ки коре ба кораш надоштанд, бераҳмона кордборон карда куштааст.

Мавзӯи дардноки куштори ваҳшиёнаи Умеда Зокирова ва Вориса Фозилова ба дасти корманди идораи замини ноҳияи Деваштич Саҳобиддин Мунавварзода рӯзи 25-уми июл дар нишасти матбуотии идораи замини вилояти Суғд низ ба миён гузошта шуд, вале Толибҷон Тоҳирӣ, роҳбари ин сохтор дар посух ба саволи журналистон гуфт:

“Айни замон нисбати ин шахс бо моддаҳои дахлдор парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст ва ба хотири халал нарасонидан ба рафти тафтишот дар ин бора чизе гуфта наметавонем.”

Нолаи ҷигарсӯзе, ки дили сангро об мекард

Ба хотири фаҳмидани тафсилоти ин ҳодисаи хунин мо роҳи деҳаи Ғозантараки ноҳияи Деваштич (Ғончи)-ро пеш гирифта бо пайвандони ин ду зани шаҳидгашта ҳамсӯҳбат гаштем.

Садои нолаи ҷигарсӯз аз фазои хонаводаи Фозиловҳо ба фалак печида буд ва гиряҳои зори пайвандони ду маит дили санги хороро ҳам обу адо мекард. Модарони ҷигарсӯхтаву падарони қиматхамида ва фарзандони сағирмондаи кушташудагон зор-зор гириста, ба қотили бераҳм лаънат мехонданд, ки онҳоро аз азизони дилашон ҷудо кард. Қатори дигар мардуми ба таъзия омада мо низ вориди ин хонадони ғамзада гаштем ва баъди изҳори ҳамдарди худро шинос карда, чӣ тавр сар задани ин ҳодисаи хунинро пурсон шудем.

Камбағалӣ маҷбур кард, ки фаррош шаванд, вале...

 Аҳли хонаводаи Фозиловҳо зиндагии миёнаҳолона доранд ва сабаби фаррош шудани Умедаю Вориса низ маҳз камбағалӣ будааст.Ба хотири каме ҳам бошад, беҳтар кардани шароити зисту зиндагии аҳли оилаашон Умеда Зокироваи 45-сола ва Вориса Фозиловаи 56-сола дар идораи замини ноҳия ҳамчун фаррош ба кор даромада, барои 500-сомонӣ заҳмати зиёде мекашиданд, бехабар аз он ки як рӯзи тақдирсӯз аждари марг дар ин ҷо гиребонгирашон хоҳад гашт...

Духтарам босавод шавад гуфту...

Духтари Умеда Ворисова оид ба куштори модараш бо аламу дард чунин гуфт:

-Мо дар оила се духтар ҳастем. Модари меҳнатию ормониям барои ба падарам дар таъмини зиндагӣ кме ҳам бошад, кӯмак расонидан дар Кумитаи идораи замини ноҳия фаррош шуда кор мекард. Агар аз сетои мо ақаллан як нафарамон писар ва ноновари хонадон мебудем, шояд модари бечраам ба хотири кашидани аробаи шалақи зиндагӣ фаррошӣ карда, бо чунин тарзи ваҳшиёна кушта намешуд, вале сад афсӯс, ки тақдири илоҳиро тадбир набудааст.

Ин духтараки ҷигарсӯхта мегӯяд, азбаски худи модараш савод ва маълумоти олӣ надошт, бисёр мехост, ки фарзандонаш соҳибмаълумот гашта, нонашонро бо нӯги қаламашон ёбанд. “Модарам бо орзуву ҳавасҳои бисёре хоҳари хурдиашро ба донишгоҳ дохил карда, ду тангаи ночизи фаррошияшро бо умед ҷамъ мекард, ки барои хондани хоҳаракам сарф кунад, вале ҳавасҳояш ношикаста монданд. Хоҳарам курсми якумро нав хатм карда, модари ормониям роҳати фарзандро надида, ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Аз ҳама аламовараш он аст, ки модарам аз дасти шахсе кушта шуд, ки барояш хӯрок мепухт, ношустаҳояшро мешуст ва ҳуҷраашро саришта кардаю таги пояшро тоза мекард. Саҳобиддин Мунавварзода, ки модарам ва аммаамро кушт, ақаллан хотири зан будану меҳнати ҳалол кардани онҳоро накард? Модарам хӯрок мепӯхт ва ин марди нохалаф онро мехӯрд. Наход хотири нону намак набошад? Модарам ҳамагӣ як “гуноҳ” дошт, як зани меҳнаткаши сода ва камбағал буд.

Духтарам сӯхторро пешгирӣ

мекунам гуфта кушта шуд

Қосим Зокиров, падари Умеда Зокирова буда, солҳои зиёде ба ҳайси ронанда кор кардааст. Ин падари ҷигарсӯхта бо ашки шашқатор гуфт:

-Як кондиционери идораи замин сӯхта, сӯхтапораҳо ба замин рехта будааст. Занг заданд, ки омада тоза кунед. Бо шунидани хабари сӯхтор духтарамро зуд ба он ҷо бурдам, ки тоза кунад, вале намедонистам, ки дар рӯзҳои истироҳатӣ Мунавварзода барои амалӣ кардани мақсадҳои нопокаш пайти мувофиқ ёфта, ба идораи замин меравад ва он ҷоро оташ мезанад. Мани сарсахт аз пешомади бади худ бехабар бо дасти худам духтарамро ба коми марг бурдам. Ба гумонам Мунавварзода ягон нақшаю мақсади нопоке доштааст ва духтару келинам бо буданашон дар идора ба ӯ хала мерасониданд, барои ҳамин ҳардуро кордборон кардааст. Мо,а агар сари вақт намерафтем, идора ба пуррагӣ ба коми оташ мерафт ва кадом ҳуҷҷатҳоро сӯзондану боз чи корҳои дигар кардани ин марди бевиҷдон бе шоҳид ва пинҳон мемонд...

Ин падари ҷигарсӯхта мегӯяд, вақте ҷасадҳоро оварданд, дасту пояш аз тарсу ҳарос ба ларза даромаданд, чунки ҷисми ҳарду ғарқи хуну халаф буда, қотил ҳатто ба чашму рӯяшон ҳам корд зада будаас.

“Шояд духтарки нокомам барои ҳимояи худ дастонашро ба рӯяш пӯшида бошад, ки дастонаш низ пур аз захми корд ва пора-пораю хуншор буданд. Хулоса, тамоми баданаш аз тарафи пешу пушт кордборон шуда буд ва шумораи захмҳоро натавонистае муайян кунем”-қисса мекунад бо чашми пуроб ин падари ҷигарсӯхта.

Табиб:

Аз хунравии зиёд фавтидаанд

Хосият Абдураҳимова, яке аз наздикони занони кушташуда табиб аст. Ӯ гуфт, вақте мурдаҳоро оварданд, оғӯштаи хун буданд ва захми кордҳоро шуморида намешуд, вале ҳангоми шустани ҷасадҳо дар бадани ҳарду зани кушташуда наздики 15-итоӣ захми кордро дидааст. Хосият Абдураҳмонова мегӯяд: -Ба раги калонии гардан, пеши чашм, дил, ҷигар, пушт ва ба дастони Умеда корд задаанд. Хуни зиёд рафта, зан дарҳол фавтидааст. Дар бадани Вориса 13 захми корд буд. Зарбаҳо ба узвҳои ҳаётан муҳим зада шудаанд. Зан аз зарби корд ба дилу ҷигар фавтидааст.

Наздикони қурбониён тахмин мекунанд, ки шояд ин куштори гуруҳӣ бошад, зеро ба гумон аст, ки як нафар якбора ду занро бо чунин тарзи ваҳшиёна ба ҳалокат расонида тавонад....

Занҳои беозор ва биҳиштӣ буданд, вале...

 

Пайванднашон мегӯянд, Умеда ва Вориса ҳарду бисёр занҳои беозор ва биҳиштӣ буда, ҳам дар маҳалла ва ҳам дар ҷойи кор муносибаташон бо ҳама хуб буд. Онҳо аз пайи кору худашон овора буданду ба баду неки дигарон аслан ҳеҷ кор надоштанд. Агар аз тоифаи занҳи бадахлоқу ҷанҷолӣ мебуданд, мегуфтем, ки аз пушти феъли бадашон ба ин ҳодиса дучор шудаанд, аммо тамоми мардуми Ғазантерак медонанд, ки Умеда ва Вориса занҳои покдомон ва беозор буданд.

Модари дилсӯхта:

Мехоҳам, ки қотили духтарамро сангсор кунанд!

Аз Вориса Фозилова як писар ва аз Умеда Зокирова 3 духтар ятим мондаанд. Ягона писари Вориса дар яксолагӣ аз падар ятим мондаву мдари бечорааш бо хуни дил ӯро калн карда, ба 22-солагӣ расонд, аммо дидани рҳати писар барояш муяссар нагашт. Вақте ки мо ба ин хонадон рафтем, писари Вориса ҳанӯз дар ҳолати шок қарор доштва чизе гуфта наметавонист. Бибияш Мӯъмина Аҳмадова гуфт, аз рӯзе, ки модарашро кордборон карда куштанд, ҷавон ҳатто хӯрок намехӯрад. Пиразан аз он метарсад, ки ягона ёдгории духтараш аз ғаму дарди зиёд бемор нашавад.

Мӯъмина Аҳмадоваи 77-сола аз ғами духтари кушташудааш мисли ҳузуми тар дарун ба дарун месӯзад ва зор-зор гиря карда мегӯяд:

-Ман мехоҳам, ки қотили духтарамро дар миёнр халқ сангсор кунанд, то ки ба дигар ҷинояткорон сабақ шавад. Духтарам дар 21-солагӣ аз шавҳар монда писарчаи яксолаашро мисле ки гурба бачаашро дар даҳонаш гирифта калон мекунад, бо азоб ба синни 22 солагӣ расонида буд, аммо тӯйи ягона писарашро надида, ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Бигзор чи тавре, ки вай фарзандони моро бо азобҳои алим кушт, ҳамон тавр ранҷу азоб бубинад...

Тибқи қонунҳои ҷорӣ ҳукми марг дар кишвари мо манъ карда шудааст, вале ин фарзандони модаргумкарда аз мақомоти қӯдратӣ мехоҳанд, ки ҳодисаро мушикофона санҷида, қотили фарзандни онҳоро ҷазои сазовор диҳанд...

Фарзона Муродӣ

Хуҷанд-Деваштич-Хуҷанд

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД