Имрӯз писари шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш ва Фарзона аз олам даргузашт. Дар ин бора як манбаи наздик ба хонаводаи онҳо ба "Оила.тҷ" бо шарти ифшо нашудани номаш иттилоъ дод.
Аз марҳум Ҳумоюн ном бурда, гуфта шуд ӯ муҳассили соли 3-юми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров буд. Тибқи иттилои сафҳааш дар Фейсбук Ҳумоюн Каримов 5 июли соли 2002 дар шаҳри Хуҷанд зода шудааст.
Фарзияҳои марги ӯ мухталифанд ва ба зикри манбаи мо, ҷавон дар дарёи Сир ғарқ шудааст.
Ҷанозааш пагоҳ дар назди бозори Панҷшанбеи шаҳр доир мешавад.
Шоир Озарахш, падари ӯ, зимни як мусоҳибааш марҳумро тавсиф карда, гуфта буд, ки Ҳумоюн дар як маҳфили шеъраш дар Театри Камоли Хуҷандӣ шеъре бо оҳанги ҷолиб дар васфи Ватан суруда буд ва ӯ умед дошт писараш ҳунарманд мешавад.
Аз идора: Аҳли эҷоди сомонаи "Оила.тҷ" аз шунидани ин хабар маҳзун гардида, ба оилаи ду шоири забардаст сабри ҷамил мехоҳад.