Худованд ягон бандаи дӯстдорашро ноумед намекардааст ва баъди солҳои дарози интизорӣнахли умри ману шавҳарам низ бор оварда соҳиби писарчаи дӯстрӯяке гаштем.
Забонамон баъди писардор шудан дар назди хешу табор дароз ва билохира аз таънаи янгаҳову авсунҳоям халос шудам. Акнун дар тӯю маъракаҳо маро бологузар мекарданд. Қариб тамоми хешу табор ва шиносҳоямон барои дидани писарчаам омаданд. Хонаи мо ба тӯйхона табдил ёфта буд. Ба мардуми маҳалла ба шарофати писардор шуданамон чанд рӯз оши тӯёна додем. Хешу табори шавҳарам, ки тӯли чандин сол қадамашон аз даргоҳи мо канда буданд, дубора ба хонаамон омаданд ва бо узру маънӣписарчаамро оғӯшкунон муборакбодӣнамуданд. Бо маслиҳати пирон писаракамонро Некрӯз ном гузоштем, то ҳама рӯзаш нек гузарад. Бо гули чиз калонаш кардем. Тамоми шароитҳо барои Некрӯз муҳаё буданд. Дар мактаби беҳтарини шаҳр хонондем, сипас Некрӯзро ба донишгоҳи мехостааш дохил кардем. Мошин харед гуфт, сарамонро ба сад дар зада, мошини пеши бозорро харидем, то писарамон хурсанд шавад. Некрӯз аз ин меҳрубониҳои мо торафт эркатар шуда, ҳар рӯз талабҳо нав ба навро пеш мегузошт. Хонаеро иҷора гирифтем, то азоб кашида ҳар рӯз ба ноҳия рафта наояд, вале писари эркатулфорамон ба ҷойи Худоро шукр гуфтан маст шуда, аз доираи одамгарӣбаромад. Мо ба умеди он, ки писарамон илм омӯхта истодааст, Некрӯзи худобехабарамон бошад, ҳар рӯз то нимашаб дар дискоклубҳо мегаштаасту баъд духтарҳои фоҳишаро ба иҷорахонааш бурда, кайфу сафо мекардааст. Занг занем, вақти гапзанӣнадорам гуфта телефонро хомӯш мекард. Падараш қилиқҳои Некрӯзро шунида ду бор ба сактаи дил гирифтор шуд, фишори хуни ман ҳам аз дасти найрангҳои ин бача ҳар рӯз баланд мешавад. Ҷигархунем аз дасти фарзанди эркаю нозпарвардамон ва чӣкор карданамонро намедонем. Ба вай на панду насиҳат кора мекунаду на бо дуову дашном аз роҳи бад мегардад. Яккаписар дарди сарамон шуд. Аз тамоми падару модарони азиз хоҳиш мекунем, ки ҳеҷ гоҳ фарзандонашонро эрка накунанд, ки мисли мо дар пирӣхору зор ва шармандаи дӯсту душман мешаванд.
Модари ҷигарбирён Шарифамоҳ