Sebiston new 2024 october
Яккаписар дар асорати бойдухтар қисми 2
28.11.2022
Дилошӯб
2637


Туҳмат ва таҳдид
Вале чун Гулафзо хабари дар деҳа оиладор шудани Пирумшоро фаҳмид, девона шуд.

-Ту қишлоқии гушна. Ман туро одам кардам. Ту аз пушти ман кас шудӣ. Як сакалтуи кӯча будӣ. Ту аз болои ман зан мегирӣ? Падарамро мефармоям, туро нест мекунад.

Пирумшо дар ҳайрат буд:
-Гулафзо, охир маслиҳати мо чӣ буд? Ту гуфтӣ, ки дар деҳа зан гир, падару модаратро нигоҳубин кунад. Духтари хона гир...
-Ман духтариамро ба ту додам. Ту аввалин марди ҳаёти ман ҳастӣ. Ҳаёти маро ту сӯхтӣ. Падарам туро нест мекунад.

-Гулафзо, маро асабӣ накун. Чиҳо мегӯйӣ? Ту вақте бо ман якҷо шудӣ нодухтар, фоҳиша будӣ, - гуфт Пирумшо.
-Ку исбот кун! Ту маро таҷовуз кардӣ...
Ҳамин тавр, Пирумшоро дигар роҳе нубуд, ҷуз зистан дар асорати Гулафзо.

Розигии Марҷона
Он шаб моргазидаро хоб мебурду Пирумшоро не, бечора бача то саҳар мижа таҳ карда натавонист. Субҳ волидонаш барои харидани чизу чораи тӯй рафтанд. Пирумшо рафта, Марҷонаро берун ҷеғ зад ва ҳар чӣ аз сараш гузашт, ба ӯ нақл кард.

-Майлаш, бигузор ман дар деҳа бахтбаргашта шавам. Раҳмат, ки маро фиреб карда, ба хонаат набурдӣ. Ман туро мебахшам,-гуфт духтар.
Ба падару модар фаҳмонидани ҳақиқат осон набуд.

Бинобар ин, Пирумшо баҳона пеш овард, ки ба дигар нафар ошиқ шудаасту ба ӯ оиладор мешавад. Амаки Сайваливу холаи Зӯҳро аввал доду фарёд бардоштанд, дарро ба девор заданд, вале пофишории писари ягонаашонро дида, розӣ шуданд.

Ҳамин тавр, дар яке аз тарабхонаҳои калони Душанбе тӯйи хонадоршавии Пирумшо бо Гулафзо баргузор шуд...

Умед ба оянда
Пирумшову Гулафзо ба ҳам дилбастагӣ надоштанд, вале маҷбур бо ҳам зиндагӣ мекарданд. Гулафзо Пирумшоро дӯст медошт, вале аз ҷониби ӯ муҳаббатро эҳсос намекард. Ҳамин тавр, аз байн чанд моҳ гузашту Гулафзо ҳомиладор шуд.

Пирумшо аз шунидани ин хабар шод шуд. Ба ҳар ҳол фарзанд аз ӯст ва эҳсоси падар шудан дар дилаш фараҳ барангехт. Ба худ меандешид:

“Тақдири ман ҳамин Гулафзо будааст, Худо хоҳад, соҳиби фарзанд мешавем. Бинобар ин, беҳтар аст, муносибатамро бо ӯ беҳтар кунам ва ҳавову ҳавасро аз сар дур карда, аз пайи зиндагӣ шавам.”

Воқеан, ҳам баъди фарзанд пайдо шудан дар қади Гулафзо муносибати Пирумшо бо ӯ тағйир ёфт. Худи Гулафзо ҳам тамоман одами дигар шуд. Касе гумон намекард, ки ӯ як замон зани шабгарде буд ва дар оғӯши чандин мард шабро саҳар кардааст.

Пирумшоро гоҳ-гоҳ ин фикрҳо нороҳат мекард, вале мошини таги по, ҳавлии барҳаво ва вазифаи равғание, ки ба воситаи падари Гулафзо ба даст оварда буд, ӯро ором мекард.

Шодии талх
Ҳамин тавр, рӯзҳо гузаштанду тифли батни Гулафзо ҳафтмоҳа шуд. Яке аз рӯзҳои тобистон онҳо зану шавҳар ба деҳа, ба дидори пиру кампир рафтанд.

Шодии амаки Сайваливу кампири Заҳроро ҳаду канор набуд. Пирумшо Гулафзоро назди падару модар гузошта, аз пайи кораш рафт. Нисфирӯзӣ келин аз дарди ҷонкоҳ ҳавлиро ба сараш бардошт.

Пирумшо дар ҳукумати ноҳия масруфи корҳояш буд. Мӯйсафеду кампир саросема келинро савори “Жигулӣ” карда, ба беморхонаи ноҳиявӣ бурданд. Онҳоро духтури ҷавон, вале зебову хушандом Марҷона пешвоз гирифт. Шиками Марҷона ҳам варамида, маълум, ки ҳомиладор буд.

-Духтарам, келинамро наҷот деҳ. Набераамро наҷот деҳ, - гуфта, кампиру мӯйсафед, Марҷонаро зорӣ мекарданд.
Вале аллакай дер шуда буд. Тифли батни Гулафзо нобуд шуд...

Ҳамон рӯз ин хабарро шунида, Пирумшо ба беморхона омад ва Марҷонаи ҳомиларо дида, каме худро гум кард.

-Худатонро аз даст надиҳед. Ман ҳамакнун дар ин ҷо кор мекунам. Сардухтур маро барои писараш келин кард. Шояд ӯро шиносед. Дандонпизишки номии ноҳия.

Дандонпизишкии шахсӣ дорад. Мо ҳам фарзанд интизор. Худованд касеро бенасиб намекунад. Худо хоҳад, ҳамсари шумо ҳам фарзанд меёбад,–гуфта, Марҷона Пирумшоро умедвор кард.


Навмедӣ
Вале 4-5 маротиба пайиҳам Гулафзо ҳомила шуда, ягон фарзандашро ба даст гирифта натавонист. Аз миён 7-8 сол сипарӣ шуд. Пирумшову Гулафзо ба даҳҳо табиб муроҷиат карданд. Натиҷа набуд. Билохира ба Маскав рафтанд.

-Шумо қабл аз оиладор шудан аз ташхиси ҳатмӣ гузашта будед? – варақҳоро бо диққат аз назар гузаронида гуфт, профессорзани калонсол.
-Рости гап не, -гуфт Пирумшо ва шароити оиладоршавиаш ба ёдаш омад.

-Ана, оқибати беэътиноӣ. Шумо наметавонед, соҳиби фарзанд шавед. Аз лиҳози генетикӣ генҳои шумо якхела аст. Шукр кунед, ки фарзандонатон таваллуд нашуда мефавтанд, вагарна онҳо таваллуд шаванд ҳам, маъюб мешуданд ва як умр азоб мекашидед...

Гӯши Пирумшо қуфл зад. Ҳиқ-ҳиқ гиристани Гулафзо ҳам ба гӯш мерасид...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД