arzon replenishment
Яккамахав (ҚИСМИ 1)
1241

Имрўзҳо дар бораи пош хўрдани оилаҳои ҷавон бонги изтироб мезананд, бархе хушдоманҳоро гунаҳгор медонанду дигарон борони маломат ба сари ҷавонон мерезанд, ки аз фарти надонистани одоби оддии муошират бахти худро пеши по мезананд. Кам касон келинҳоро гунаҳгор мекунанд, аз онҳо дар аксар ҳолатҳо ҷабрдида месозанд…

Ман ҳоло шавҳар накардаам, донишҷўям, вале мехоҳам қиссаи келини нахустини хонаводаамонро рўйи коғаз биёрам, то ба арўсакони дигар дарси ибрат шавад. Шояд хонандагони азиз бигўянд, ки ман оиладор нашудааму ҳуқуқи насиҳат гуфтану ҳушдор додани касеро надорам? Шояд… Вале ҳуқуқи ибрози фикри хешро дорам, боз дар ҳолате, ки он ба оилаи мо дахл дорад…

Оилаи намунавӣ

Падару модари ман хешу таборанд, бибиҳоям апаву хоҳаранд, вале шукри Худои мутаол, ки мо чор фарзандашон сиҳату саломат ба дунё омадаем. Падарам тоҷир ҳастанду мо зиндагии тинҷу осудае дорем, яъне оилдаи сарватмандем. Бародари калониям Донишгоҳро дар риштаи иқтисод хатм намуда, дар бонке ифои вазифа мекунад, ман дар курси саввуми донишгоҳ мехонам, як додару як хоҳарам мактаб хонанд. Мо дар деҳа хонаву дари боҳашаммату зебое дорему ман дар яке аз хонаҳои дар пойтахт будаамон зиндагь мекунам, зеро донишҷўям. Бародарам низ, аёми донишҷўияш ҳамроҳи ман мезист ва баъди хатми он ба ноҳия, ба кор рафту ҳамроҳи падару модарам зиндагиро ихтиёр кард, ҳарчанд падарам мехост ў дар шаҳр бимонад.

Акаам як ҳамсабақашро дўст медошт, вале модарам духтараки дигарро зери чашм карда буду акаам чун дигар ҷавонони русто гапи модарамро гирифта, аз баҳри дўстдоштааш гузашт.

Интихоби падар

Падарам рафиқони зиёде доштанду бо тақозои тиҷорати доштаашон ба ноҳияҳои дурдаст сафар мекарданд. Чунононе, ки дар боло гуфтам падару модарам ба ҳам, хешони наздиканд. Падарам дар як ноҳияи дурдасте, ки хешовандонашон он ҷо зиндагӣ мекарданд корхонаи хурде сохту аз ҳамон ҷо келин хуш кард. Холаи келин зани тағоям буд ва он қадар ҷиянашро таърифу тавсифе кард, ки модари содаам бовар карда, ба келингирии ў розӣ шуд. Модари арусшаванда ба падару модарам хешони наздик буданд. Падарам риштаи хешу таборӣ аз нав мустаҳкам мегардад гўён, модари дудилаамро ташвиқу тарғиб мекард. Оқибат, масъалаҳо ҳали худро ёфтанд ва падару модарам ба хостгорӣ рафтанд.

Падари арўс гуфтааст, ки духтарам бисёр зикка (эрка) асту ҳамроҳи одамон хўрок намехўрад, тозарўзгор асту одами бисёрро дўст намедорад, одамгурез аст. Дар хонаи сермеҳмони шумо ин намешавад, хешӣ хешию рафиқӣ рафиқӣ, вале қудо намешавем… Волидайни ман инро ҳамин хел гап пиндошта, ўро розӣ карданд.

Рўзи мурод

Мо ҳама он қадар хурсанд будем, ки ногуфтанӣ, охир ба хонаи мо арусак меомад. Ёд дорам кадом ҳамсояаамон келин фарорад, чанд муддат мо духтаракон ҳар субҳ ба тамошояш мерафтем. Ҳавлӣ руфтан, ба ноз ба ноз дар ҳотаву боғ сайр намудани арўсак ба мо хеле мароқангез буд. Арўсак бо либосҳои арўсӣ дар назари мо маликаи афсонаҳоро мемонд, то он даме, ки худӣ нашавад…

Ман ҳамеша ҳавас мекардам, ки акам калон шаваду барояш арўс фарорем, аз ин рў янгаамро надида бошам ҳам, ғоибона алаккай дўсташ медоштам. Рўзи тўй ҳам фаро расиду келинро таҳти садои карнаю сурнай ба хонаи мо оварданд, янгаам духтараки пастқомати сиёҳчадра, вале ситорагармаке буд. Аз рўзи аввал акаам ба вай меҳр доштанашро маълум мекард ва модарам Худоро шукр мегуфт, ки писараш интихоби онҳоро пазируфтааст. Тўйро падарам аз рўйи барномарезии худаш бисёр ороставу серу пур гузаронид, ҳама ризо буданд. Охирин меҳмонҳо ҳам, хонаамонро тарк гуфтанду мо танҳо мондем, интизор будем, ки акнун янгаам бо либосҳои арўсӣ рў-рўйи ҳавлӣ қадам мезанаду мо аз диданаш ҳаловат мебаред.

(Давом дорад)

НИСО

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД