Commerc banl
Яккадухтар балои ҷони модар гашт
28.03.2026
Oila.tj
24

Дар бисотам як духтарча дорам. Ӯро хеле эрка калон кардаам. Ба хотири ӯ шавҳар накардам. Ӯро бо хоҳиши худаш ба дӯстдоштааш ба шавҳар додам, аммо ҳанӯз аз арӯсиаш 3 моҳ нагузашта, ба хона баргаштааст ва мегӯяд, ки аз гову моли ҳавлии хушдоманаш безор аст. Мехоҳад аз шавҳараш ҷудо шавад. Домод, хусуру хушдоманаш бисёр одамони бомаърифат, аммо вай худсарӣ карда мегӯяд, ки мехохад ба Русия, пеши ким-кадом дугонааш биравад. Хуллас, ман фишори хун шудам.

Ин қадар пул сарф карда, ду хонавода тӯй кардем, аммо айни замон духтарам беақлӣ дорад.

Як ҳафта пеш аз фурудгохи Домодедово занг зада, гуфт, ки оча, маро накоб, ман ба Маскав омадам. Ба ман бошад, як рӯз пеш фиреб карда, гуфта буд, ки ба хонаи дугонааш ба тӯй меравад.

Дар пеши қудо хиҷолат кашида, нороҳат шудам. Ҳоло бошад, ӯ аз ман қаҳр карда, телефонро умуман намегирад. Метарсам, ки бо ягон одами ганда шинос нашуда бошад.

Хулоса, кӯдакро ҳаргиз эрка калон накунед, ки эрка балои ҷон мешавад!

С., модари пушаймонгашта

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД