Commerc banl
Яхмоси ванилӣ
27.02.2026
Oila.tj
58

Маҳсулоти лозима:

300 мл шир, 400 мл қаймоқи 33%, 125 грамм шакарқанд (пудра), 15 грамм шакари ванилӣ, 120 грамм зардии тухм (тақрибан 6 тухм).

Тарзи таҳия:

Шир, қаймоқ, 60 грамм шакарқанд ва шакари ванилиро дар дег андохта, то ҷӯшидан гарм кунед. Зардии тухмҳоро бо боқимондаи шакарқанд то сафедранг шуданаш лат занед. Нисфи омехтаи ҷӯшидаи ширро ба зардӣ рехта, тез омезед. Сипас ҳамаашро ба дег баргардонда, то ҳарорати 82–84 дараҷа, пайваста омехта карда гарм намоед. Аз оташ гирифта, аз дока ё элак гузаронед. Ба зарфи пластикӣ рехта, бо сарпӯш маҳкам кунед ва то субҳ дар яхдон нигоҳ доред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД