Роҳҳо одамонро гоҳ ба кӯйи мақсуд мебаранду гоҳи дигар ба олами нестӣ. Роҳи Хоруғ ба Панҷ барои мусофирони мошини "Landcruser" охирин роҳе гашт, ки дар ҳаёташон паймуданд...
Ронандаи 46 - сола аз шаҳри Хоруғ бо 5 мусофир дар самти Душанбе ҳаракат мекард, ки дар нимароҳ ба садамаи мудҳиш рӯбарӯ шуд.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 22 январ рух додааст.
"Ронандаи 46 - солаи автомашинаи "Landcruser", аз шаҳри Хоруғ бо панҷ мусофир самти пойтахт ҳаракат мекард, ки дар нимароҳ ба садама дучор шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, аз сабаби барфрезӣ ва шамоли сахт ронанда аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба ҷарии 40 метр сарозер шуд.Дар натиҷа худи ронанда бо ду мусофири дигар дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.
Гуфта мешавад, мусофирони дигарро бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон интиқол доданд. Маълумоти бештар дар мавриди фавтидагону ҷароҳатбардоштагон рӯйи даст нест.
Кумитаи ҳолатҳои фақулода ҳамчунин гуфт, рӯзи гузашта аз сабаби боришоти зиёди барф роҳи Шуғнон - Ишкошими ВМКБ муваққатан масдуд буд.