Дар бадали як рӯз 3 хонаи тоҷик якбора мотамсарой гашта, фиғони ҷонхароши волидони фарзандгумкардаву фарзандони аз меҳру муҳаббати падар бенасиб монда ба фалак мепечад...
Аксаран беэҳтиётии ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳ боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш гашта, чандин хонаро ба мотамсарой табдил медиҳанд. Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани 3 ҳодисаи нохуши нақлиётӣ хабар додааст, ки боиси канда шудани риштаи ҷони 3 инсон гаштаанд.
Ҳодисаи аввал рӯзи 28-уми сентябр, тахминан соатҳои 11:30-и рӯз сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Хайруллоев Умедҷон Абдулфайзович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Вахш ба самти ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, дар назди бинои ҷамоат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ Талбонов Абдулвосит, соли таваллудаш 2014, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа писарчаи 10-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Худи ҳамон рӯз, соати 11:20 ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседенс-Бенс», Бегмуродов Муҳаммадӣ, соли таваллудаш 1949, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Суфиёни ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳасани шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Мирзоев Файзулло, соли таваллудаш 1955, сокини шаҳри Панҷакентро пахш намудаааст. Мирзоев Ф. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Бегоҳи рӯзи 28-уми сентябр, соати 18:40-дақиқа боз як ҳодисаи нохуши дигари автомобилӣ сар зада, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Волва», шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон Анартаев Мураджан, соли таваллудаш 1981, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ноҳияи Б. Ғафуров ба автомашинаи тамғаи «БМВ», таҳти идораи Усмонов Ёқубҷон Ғафурович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи мазкур, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» Усмонов Ё. Ғ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар робита бо ин ҳодисаҳои нохуш бори дигар аз тамоми ронандагон хоҳиш мекунем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёт бошанд ва ҳаёти худу дигаронро зери хатар нагузоранд.