То 30- ноябр ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз кӯчаи Ҳабибулло Назаров то назди бинои "Элит-строй-сервис" -и пойтахт муваққатан қатъ мегардад.
Дар ин хусус шаҳрдории Душанбе хабар додааст. “Манъ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо мақсади корҳои сохтмонӣ ва навсозии кӯчаи Ҳуснободи ноҳияи Сино амалӣ мегардад”,-навиштааст манбаъ.
Дар муроҷиатнома омадааст, ки ронандагон талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузоштаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафат истифода намоянд.