Додгоҳи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ӯзбекистон як зодаи Тоҷикистонро ба муҳлати 16 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум намуд. Маҳкумшуда дар интиқоли маводи мухаддир гунаҳкор дониста шудааст.
Ному насаби пурраи ин шаҳрванди Тоҷикистон маълум нест, аммо мақомоти Ӯзбекистон С.М.-ро дар кӯшиши гузаронидани маводи нашъаовар аз марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муттаҳам медонанд.
Тибқи навиштаи расонаҳои ӯзбекӣ, мавсуф бо ду нафар шарикони ҷиноятиаш, ки ҳарду шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд, барои интиқол додани зиёда аз 20 килограмм маводи нашъаовар аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон қарордод бастаанд ва шаҳрванди Тоҷикистон бар ивази ин кор ҳамчун пешпардохт $20 доллари амрикоӣ гирифтааст.
Дар маҷмуъ барои гузаронидани 20 килою 747 грам мавди нашъадор ба ин гурӯҳи ҷиноятпеша $100 ҳазор доллари амрикоӣ ваъда кардаанд, вале ҳангоми кӯшиши аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд тариқи убури марз ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронидани бор ин гурӯҳи ҷиноии 3-нафара ба чанг афтодаанд.