Arzon march 2024
Як зани тоҷик худро бо кӯдаконаш ба дарё партофтанӣ шуд
435

Рӯзе қабл дар шаҳри Душанбе зане кӯшиш кардааст, ки худро бо кӯдакони ноболиғаш ба дарё партояд.

Тавре раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар саҳифаи Инстаграм хабар додааст, ҳодиса тахминан соатҳои 16:30 рӯй дода, як ҷавонзани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамроҳи ду фарзанди хурдсолаш қасди худкушӣ намуда, аз болои пули кӯчаи Ҳ. Шерозӣ хостааст худро ба дарёи Душанбе ҳаво диҳад. Ин ҳолатро корманди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе подполковники милитсия Ализода Ҷобир мушоҳида карда, аз худ маҳорату малакаи баланди касбӣ ва чусту чолокӣ нишон дода, бо кумаки шаҳрвандон занро ҳамроҳи кӯдаконаш аз қасди худкушӣ наҷот додаанд.

Ҷавонзан таҳти муоинаи тиббӣ қарор дошта, сабаби ҳодиса ва ҳолати рӯҳиву равонии номбурда муайян карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД