Намояндаҳои “Шоҳин Эйрлайнз” дар Чехия шартномаи хариди ҳавопаймои минтақавии Let L-410 NG-ро имзо кардаанд.
Ба иттилои ширкат, ҳавопаймои мазкур барои иҷрои парвозҳои дохилӣ ва минтақавӣ истифода хоҳад шуд.
Зафар Аҳмадзода, роҳбари ширкат изҳор доштааст, ки хариди L-410 NG ба рушди навгониҳои ҳавопаймоии ширкат мусоидат мекунад ва сифати хидматрасонӣ ба мусофиронро беҳтар хоҳад сохт.
“Шоҳин Эйрлайнз” - ширкати хусусӣ, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе парки худро дорад, қаблан эълон карда буд, ки як бунёди аврупоӣ барои рушди ширкат беш аз 200 млн доллар ҷудо мекунад.