Салом «Оила» - и азиз! Аз хонандагони сомонаатон хоҳиш мекунам, ки ба мани дар гирдоби ғам афтода кӯмак намоянд.
Маро дар ҳабдаҳсолагиям ба шавҳар доданд, вале давоми 11 соли зиндагӣ фарзанддор нашудем. Оқибат хонавайрон гаштам. Тақдирам чунин будааст гўён, гирёну нолон хонаи шавҳарамро тарк намудам.
Тақрибан ду сол пас бо марди дигаре шинос шудам. Ӯ соҳиби зан ва панҷ фарзанд бошад ҳам, муносибаташ бо ман ҷиддӣ буд ва гуфт, ки тайёр аст маро ба занӣ гирад. Шояд нафрататон биёяд, ки дидаву дониста зани дуюми ӯ шудам, вале бовар кунед, ки мақсади ман шавҳари касеро соҳибӣ кардан набуд. Танҳо худро санҷидан мехостам, ки дар ҳақиқат ман безуриётам ё шавҳари якумам. Донистан мехостам, ки ӯ маро беҳуда маро талоқ дод ё воқеан гуноҳ доштам.
Шавҳари дуюмам баъди никоҳ ба Русия барои кор кардан рафт ва шаш моҳ аз байн гузашту маро ба наздаш хонд. Ду сол дар ғурбат зистем. Ҳомиладор шудам ва як моҳ пеш аз таваллуд карданам маро ба ватан фиристод, то дар назди пайвандонам бошам.
Писарчадор шудам. Тамоми аҳли оилаамон хурсанд буданд, ки пас аз 15 соли интизорӣ модар шудам. Хулоса, писарчаамон 9 - моҳа шуду баъди ин падараш ба наздам баргашт.
Мардакам дар бозори ноҳия кори хуб пайдо намуду айни ҳол зиндагиямонро пеш бурда истодааст, вале дар ҳаёт як камбудии ҷиддӣ дорем. Мо то ҳол дар хонаи падарам зиндагӣ мекунему шавҳарам ақаллан хонаеро ба иҷора гирифтан намехоҳад. Занам мефаҳмад гуфта, баҳонаҷӯӣ карда истодааст. Як пояш дар хонаи ману пойи дигараш дар хонаи зани аввалааш аст. Илтимос, маслиҳат диҳед, ки чӣ кор кунам?
Гулӣ,
ш. Душанбе