“Як пиёла чой" бо мақсади баррасии мушкилоти муҳоҷирони тоҷик
139

Маркази захиравии муҳоҷирон бо мақсади баррасии мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик имрӯз тахти унвони "Як пиёла чой" маҳфили ҷолибе баргузор намуд.

Чорабинӣ дар меҳмонхонаи "Румӣ"-и пойтахт баргузор гашта, дар он намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, Хадамоти муҳоҷират, Маркази захиравии муҳоҷирон ва хабарнигорон аз васоити гуногуни ахбори омма ширкат доштанд.

Сароғоз Мустафо Мамадназаров, ҳамоҳангсози барнома дар бораи самтҳои фаъолияти Маркази захиравии муҳоҷирон маълумот дода, PROTECT, ICMPD-ро рӯнамоӣ намуд.

Пасон Нисо Фаромурзова, машваратчии Маркази захиравии муҳоҷирон дар бораи ҳадафҳои чорабинӣ суханронӣ намуда, гуфт, мақсад аз роҳандозии барнома дар фазои озод, сари “Як пиёла чой” муҳокима намудани масъалаҳои муҳими муҳоҷирати меҳнатӣ ва дарёфти роҳҳои ҳамкории мақомоти гуногуни дар самти муҳоҷират фаъолияткунанда ва ВАО барои ҳалли ин масъалаҳо мебошад.

Комрон Бобоёров, машваратчии Маркази захиравии муҳоҷирон, дар бораи авҷ гирифтани қаллобӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ваъдаи кори сердаромад дар кишварҳои хориҷӣ ва афтидани муҳоҷирони тоҷик ба доми чунин қаллобон маълумот дод.

Дар чорабинӣ ҳамчунин 3 нафар ҷабрдидагон, ки ба доми чунин қаллобон афтида, бо умеди он ки барояшон дар давлатҳои хориҷӣ кори хуб меёбанд, ба онҳо аз 8 то 20 ҳазор сомонӣ маблағ гузаронида, фиреб хӯрдаанд, иштирок ва сарнавишти худро нақл карданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ пешгирӣ намудани қаллобӣ ва дигар хатарҳои муҳоҷират, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва мусоидат намудан ба муҳоҷирати қонунӣ буда, минбаъд низ сари “Як пиёла чой” мушкилоти муҳоҷирон баррасӣ хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД