Commerc banl
Як оини аҷиби наврӯзии замони Сосониён
21.03.2026
Oila.tj
26

Дар замони Сосониён чунин маросиме будааст, ки шомгоҳон марди зебое ба ҳарами шоҳ ворид шуда, субҳи содиқро интизор мешудааст. Бомдод то ӯро дидани шоҳ хомӯш меистодааст.

Вақте ки шоҳ ӯро мебинад, мепурсад:

Ту кистӣ, аз куҷо омадаӣ?

Номат чист ва чӣ мехоҳӣ?

Ба чӣ кор андарун омадаӣ ва ба ту чист?

Мард ҷавоб медодаст, ки ман пирӯзам, номам Муборак аст ва аз сӯи Бахт омадаам, бар шумо подшоҳӣ, некбахтӣ, тандурустӣ хоҳонам ва Соли навро бо худ овардаам.

Пас аз суолу ҷавоб он мард менишастааст. Шахси дигар меомадааст, дар даст дастурхони нуқрагине доштааст. Хонро рӯ ба рӯи подшоҳ мениҳодааст, ки дар он аз гандум, ҷав, нахӯд, кунҷид ва шолӣ ҳафт хушагӣ мегузоштанд, инчунин шакар, динору дирҳам гузошта мешуд, сипас нони гирдаи бузургеро, ки аз ин донҳо мепухтанд, ба назди подшоҳ мегузоштанд. Подшоҳ каме аз он нон шикаста мехӯрдаасту чизҳои дигарро низ чашида мегуфтаст:

- Ин рӯзи нав, аз моҳи нав ва аз соли нав аст ва мо ниёзмандем, ки он чиро рӯзгор кӯҳан кардааст, бояд нав бикунем ва мардумро некӯ бидорем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД