Як нозири барқ 9 миллион пули барқро аз мардум ҷамъ карда, ба давлат насупоридааст
196

Баъзе нозирони барқ пули барқро аз мардум ҷамъ карда, ба давлат намесупоранд. Танҳо дар суратҳисоби як нозири барқ 9 млн сомонӣ пули истифодаи барқ, ки аҳолӣ пардохт кардаанд, ошкор шудааст.

Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ маълумот дода, гуфт: “Бархе аз нозирони барқ пули нерӯи барқро аз аҳолӣ ҷамъ карда, ба ҷойи ба таври ғайринақдӣ ба давлат пардохт намудан, ғайриқонунӣ нигоҳ медоранд ва азхуд менамоянд. Танҳо дар суратҳисоби як нозири барқ 9 млн сомонӣ пули истифодаи барқе, ки аҳолӣ пардохт кардаанд, ошкор карда шудааст. Чунин ҳолатҳо бисёранд“.

Прокурори генералии Тоҷикистон гуфт, ки соли 2025 дар ҷумҳурӣ 4 ҳазору 972 нафар барои истифодаи ғайриқонунии барқ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд. Дар робита бо ҷиноятҳои ба нерӯи барқ алоқаманд 245 парванда баррасӣ гаштааст. Аз ҷумла нисбати 23 нафар роҳбарони шабакаҳои барқрасонӣ ва 120 нафар нозирони барқ ва дигар муштариён парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, беш аз 46,6 млн сомонӣ зарари расонидашуда ба манфиати давлат рӯёнида шудааст.

Намояндагони “Шабакаҳои тақсимоти барқ” низ қаблан гуфтанд, ки соли 2025 дар пайи ошкор шудани камбудҳо 125 корманди шабакаҳои барқрасонӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, аз кор ронда шудаанд. Дар маҷмуъ 406 нафар кормандони идораҳои барқрасониро барои қоидавайронкунӣ дар истифодаи барқ дар ҳаҷми 293 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД