Commerc banl
Як насиҳати мӯйсафеди бегона Наврӯзро аз роҳи хато баргардонд
51

Бегоҳии шанбе буд. Назди Парчами миллӣ пур аз одамон. Наврӯз, ки дар Инстаграм бо номи мустаори Муборизи Ҳақ машҳур буд, дар рӯи курсӣ нишаста, бо ҳавас батли ду блогерро тамошо мекард. Ӯ дар зери пахши зинда (эфир) бо чунон суръат ҳақорат менавишт, ки гӯё барои ин кор ба ӯ ҷоиза медода бошанд.

... Ин бача беномус аст... Ин духтар фалон аст... Калимаҳои Наврӯз мисли каждум аз зери ангуштонаш баромада, ба фазои маҷозӣ паҳн мешуданд. Ӯ дар ин лаҳза худро судя ва шери нар ҳис мекард.

Дар паҳлуяш як мӯйсафеди солхӯрда бо наберааш, ки велосипед савор буд, нишаста буданд. Наберааш тасодуфан афтод ва Наврӯз беихтиёр аз ҷояш хеста, ба кӯдак кумак кард.

- Саломат бошӣ, бачам,- гуфт мӯйсафед.- Чеҳраат нуронӣ аст, маълум, ки ҷавони боадабӣ.

Наврӯз табассум кард ва дубора ба телефонаш баргашт, то ҳақорати навбатиашро нависад. Вале мӯйсафед, ки чашмонаш ҳанӯз тез буданд, калимаҳои дар экран бударо дид. Лабхандаш якбора гум шуд.

- Бачам, як савол диҳам?,- оҳиста пурсид мӯйсафед. Ту ҳоло ба ин кӯдак кумак кардӣ, даст гирифтӣ. Вале чаро бо ҳамон дастҳо дар ин телефон ба номуси касе туф мекунӣ?

Наврӯз сурх шуд: амакӣ, инҳо блогерони беҳаё ҳастанд, ман инҳоро барои одоб ҳақорат мекунам.

Мӯйсафед ба Парчами болои сарашон, ки дар бод меҷунбид, ишора карда, гуфт:

- Нигоҳ кун, ин Парчам нишони номуси мост. Мо барои ин забон ва ин номус асрҳо мубориза бурдем. Ту мегӯӣ, ки барои одоб ҳақорат мекунӣ? Ин мисли он аст, ки ту бихоҳӣ либоси чиркинро бо лой бишӯӣ. Оё мешавад? Не. Ту бо ин ҳақоратҳоят на онҳоро тарбия мекунӣ ва на номусро ҳимоя. Ту танҳо фазои тоҷикро дар интернет ифлос мекунӣ.

Мӯйсафед идома дод:

- Медонӣ, писарам, дар ин дунё ҳар як калимаи фаҳше, ки ту менависӣ, мисли як қатра заҳр ба косаи оби худат мерезад. Ту фикр мекунӣ, ки ин гапҳо ба онҳо мерасад? Не, онҳо дар дили худат мемонанд. Вақте ту пагоҳ ба хона меравӣ ва модаратро оғӯш мекунӣ, оё шарм намедорӣ, ки бо ҳамон забоне, ки ҳозир ба модари каси дигар дашном додӣ, ба модари худат салом мегӯӣ?

Навруз хомӯш монд. Ӯ ба экран нигарист. Он ҳақоратҳо акнун барояш на мубориза, балки мисли як тӯдаи ахлот дар миёни ин боғи зебо намуданд. Ӯ ҳис кард, ки дар зери сояи ин Парчами муқаддас, навиштани чунин калимаҳои паст хиёнат ба худаш ва миллаташ аст.

Ӯ бо як ҳаракати ҷиддӣ аз эфир баромад ва барномаро удалит кард.

- Раҳмат, бобо,- гуфт Наврӯз,- ман фикр мекардам, ки дар интернет касе маро намебинад.

- Худо мебинад, бачам. Ва аз ҳама муҳимаш, виҷдонат мебинад,- ҷавоб дод мӯйсафед.

Ҳақорат ҳеҷ гоҳ дарси одоб шуда наметавонад.

Забони модариро бо дашноми интернетӣ хор накун.

Мардӣ дар интернет не, дар масъулияти ҳар як сухан аст.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД