Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон ба аёдати захмиёни садамаи нақлиётӣ рафта, бо вазъи саломатии онҳо аз наздик шинос шудааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст.
Ғафур Муҳсинзода аснои шиносоӣ бо вазъи саломатии захмишудагон бо наздикон ва пайвандони онҳо низ суҳбат намуда, иброз доштааст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тамоми талоши худро ба табобати захмишудагон равона хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки дар садамаи нақлиётӣ 12 нафар маҷруҳ шуда, 11 нафарашон бо ҷароҳатҳои гуногун дар Беморхонаи марказии Хуросон бистарӣ карда шудаанд. Мутаасифона, 1 нафар бар асари ҷароҳати вазнин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тибқи маълумоти сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон, айни ҳол вазъи саломатии 3 нафари ҷароҳатбардошта вазнин буда,саломатии 6 нафар муътадил аст. 2 нафар захмишудагон дар ҳолати хуб аз беморхона рухсат дода шуда, айни замон таҳти назорати табибони оилавӣ қарор доранд.