Як мард маблағи чандсолаи алиментро пеш аз муҳлат пардохт карданӣ шуда, ба занаш якбора 180 ҳазор доллари амрикоӣ додааст. Рафтори ҳотамонаи ин мард ҳамагонро дар ҳайрат гузошт.
Ҳодиса дар кишвари ҳамсояамон Ӯзбекистон рӯй дода, як мард маблағи 13-солаи алименти фарзандонашро пардохт карданӣ шуда, ба собиқ ҳамсараш 180 ҳазор доллари амрикоӣ пул додааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии Ӯзбекистон хабар медиҳад.
“Мард бо хоҳиши худаш ба суд муроҷиат намуда, арз кардааст, ки мехоҳад маблағи 13-солаи алиментро барои таъмини фарзандонаш якбора пардохт намояд. Пас аз ҳисобукитоб маълум шуд, ки тӯли 13 соли оянда ин мард бояд ба фарзанонаш 2 миллиарду 812 ҳазор суми ӯзбекӣ алимент медод. Мард якбора аз алимент халос шудан хоста, ба занаш тариқи суд 180 ҳазор доллари амрикоӣ додааст”,- омадааст дар хабар.
Тибқи қонун дар Ӯзбекистон барои саркашӣ аз пардохти алимент мардонро то 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум менамоянд ё ба андозаи 20 нишондиданда барои ҳисобҳо ҷарима мебанданд.