toyota motors
Як духтари ноболиғро аз тарбияи волидонаш гирифта, ба мактаб-интернат супурданд
191

Дар шаҳри Душанбе як духтари ноболиғро аз тарбияи падару модараш гирифта, ба Мактаб-интернати №1-и пойтахт супурдаанд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, волидони ин духтари ноболиғ нисбат ба таълиму тарбия ва назорати фарзанди худ бемасъулиятӣ зоҳир намудаанд.

Мақомот барои иҷро накардани масъулияти падару модарӣ нисбати волидони ноболиғ парванда боз намудаанд. Суди ноҳияи Фирдавсӣ бо дастрасӣ ба моддаи 73-и Кодекси оила, ки гирифтани фарзандро аз волидон бидуни маҳрум намудани онҳо аз ҳуқуқи падару модарӣ иҷозат медиҳад, ин духтари ноболиғро аз тарбияи падару модараш гирифта, ба мактаб-интернати шабонарӯзӣ супурдааст. Айни замон ноболиғ ба таҳсилу тарбия фаро гирифта шуда, зери назорати омӯзгорону мураббиён қарор дорад.

РВКД дар шаҳри Душанбе аз падару модарон хоҳиш кардааст, ки дар таълиму тарбияи фарзандон "масъулияти баланд" эҳсос намуда, онҳоро ба омӯзиши илму омӯзиш ва риояи одобу ахлоқ роҳнамоӣ созанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД