arzon replenishment
Вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзудааст
856

Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 223 ҳазору 200 шаҳрванди хориҷӣ омадаанд. Аз ин шумора 941,3 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ ворид шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 беш аз 17 фоиз зиёд аст. Дар ин бора Агентии омор иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки дар ин давра шумораи шарвандони хориҷӣ аз кишварҳои ИДМ 1 миллиону 118,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 852,2 ҳазор нафари онҳо сайёҳ мебошанд. Шаҳрвандони хориҷие, ки аз давлатҳои хориҷии дур ба ҷумҳурӣ омадаанд, 104,7 ҳазор нафар буда, 89,1 ҳазор нафари онҳо сайёҳанд.

Ба иттилои Агентии омор, аксар шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, аз Узбекистон буда, шумораи онҳо беш аз 746,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Аз Русия беш аз 329,0 ҳазор, Қазоқистон 28,9 ҳазор, Қирғизистон 4,4 ҳазор, Туркманистон 4,1 ҳазор, Чин 21,6 ҳазор, Афғонистон 10,4 ҳазор, Амрико 9,2 ҳазор, Эрон 6,8 ҳазор, Туркия 6,1 ҳазор, Олмон 5,2 ҳазор, Ҳиндустон 3,7 ҳазор ва боқимонда аз дигар кишварҳо омадаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД