arzon replenishment
Вундеркиндҳои тоҷик бо ғалаба ба Ватан баргаштанд
737

Дирӯз 10 нафар ғолибони Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков “IZHO – 2024” бо ғалаба ба Ватан баргаштанд. Вундеркиндҳои тоҷикро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар фазои идона роҳбарияти МД “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ва волидайну пайвандонашон истиқбол гирифтанд.

20-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков “IZHO – 2024” аз 8 то 13 –уми январ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гашта, дар он 600 нафар довталабон аз 16 кишвари дунё иштирок доштанд. Дар ин озмуни бонуфузи байналмилалӣ 10 навраси тоҷик низ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд.

Ёдрас мешавем, ки олимпиадаи мазкур 20 сол боз ҳамасола аз фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотӣ баргузор карда шуда, дар давоми чанд соле, ки хонадагони тоҷик дар он ширкат меварзанд, ғалабаи имсолаи 10 нафар вундеркиндҳои тоҷик натиҷаи беназир мебошад.

Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар дар сомонааш хабар дода, менависад: “Чунин дастовард на танҳо нуфузи низоми маорифи кишварро баланд мебардорад, балки аз иштироки Тоҷикистон дар чорабиниҳои муҳимми илмию маърифатии байналмилалӣ огоҳӣ медиҳад.”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД