Arzon march 2024
Восеъ: Лӯлиҳо ҳам ба хизмат рафтанд
577

 

Аз миёни лӯлитаборони ноҳияи Восеи Вилояти Хатлон 15 нафар дар мавсими имсолаи даъвати наваскарон ба Артиши Миллӣ сафарбар шуданд, ки ин шумора ба ҳамин давраи соли гузашта даҳ нафар зиёд мебошад. 

Дар Тоҷикистон мавсими даъват ба Артиши миллӣ оғоз шудааст, ки баъзе ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла, ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод, ноҳияҳои Вахш, Фархор ва Данғараи вилояти Хатлон низ нақшаи даъвати тирамоҳииро дар рӯзи аввали ин маърака иҷро намуданд. 

Шарифзода Ҷамшед, раиси ноҳияи Восеъ дар нишасти матбуотии соли гузашта, оид ба ҷалби лӯлиён ба хизмати ҳарбӣ қайд кард, аз миёни даҳ нафар лӯлиҳо ҳашт нафарашон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд ва ду нафари дигар бо сабабҳои беморӣ доштанашон  баргардонида шуданд.  

Ёдовар мешавем, ки лӯлитиаборон дар чор ҷамоати ноҳияи Восеъи Вилояти Хатлон якҷоя бо тоҷикон зиндагӣ мекунанд. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД