goodwell
Воридоти мошин ба Тоҷикистон зиёд шудааст
18.08.2026
Oila.tj
134

Воридоти воситаҳои нақлиёт ва қисмҳои эҳтиётии онҳо ба Тоҷикистон дар ним сол қариби 627 млн долларро ташкил додааст. Ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 25% зиёд мебошад.

Бино ба иттилои Агентии омор, Тоҷикистон барои таъмини бозори дохилӣ воситаҳои нақлиётро асосан аз кишварҳои Осиё ва минтақа ворид мекунад. Тибқи маълумоти нашршуда дар бораи воридоти соли 2025, Чин, Русия ва Қазоқистон аз бузургтарин манбаъҳои воридоти мошин ба Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Бар асоси оморҳои Экономика Центральной Азии, воридоти нақлиёт ва қисмҳои он чунин аст: аз Чин зиёда аз 4,6 ҳазор автомашина, ё тақрибан 28 фоизи ҳаҷми воридот ба Тоҷикистон ворид шудааст. Русия бо тақрибан 4,5 ҳазор мошин (26,9 фоиз) дар ҷойи дуюм қарор дорад. Аз Қазоқистон тақрибан 2,2 ҳазор мошин (13,3 фоиз) ворид шудааст.

2_71

Дар қатори дигар таъминкунандагон Ӯзбекистон - 5,2 фоиз, Эрон - 4,5 фоиз, Туркия - 2,4 фоиз, Кореяи Ҷанубӣ - 2,4 фоиз, Беларус - 2 фоиз, Олмон - 1,6 фоиз ва Ҷопон - 1,4 фоиз мебошад.

Дар солҳои охир ҳиссаи мошинҳои истеҳсоли Чин дар бозори Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, мошинҳои барқии чинӣ низ бо сабаби имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ ба бозори кишвар бештар ворид мешаванд. Хароҷоти мошинҳои барқӣ нисбат ба мошинҳои бо сӯзишвории бензин ва солярка ҳаракаткунанда сабуктар мебошад.

Ҳоло дар бозорҳои минтақа ва Тоҷикистон арзиши бензин ва солярка гарон ва камёб шудааст.

Қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо низ аз кишварҳои гуногун ворид мешаванд, аз ҷумла Чин, Русия, Туркия, Ҷопон ва кишварҳои Аврупо.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД