Гулнора ноилоҷ ба хонаи падару модари Нисо рафт ва бо хубӣ фаҳмонд, ки пеши роҳи духтарашонро бигиранд, то ки зиндагии ободи писари ӯро вайрон накунад, чунки қиёмат қоим шавад ҳам, ҳаргиз вай Нисоро ҳамчун келин қабул карда, ба хона роҳ намедиҳад.
Аз афташ Нисо ин гапро ба Диловар расондааст, ки ҳамон бегоҳӣ аз кор омада, ҷангу ҷанчол бардошт. Ба сари модараш дод зада мегуфт, ки ту ҳаёти маро сӯзондӣ. Замира бо дидани ин манзара зор-зор гирякунон сару либоси худаш ва кӯдакашро ҷамъ карда, мегуфт: “илтимос, бас кунед, ман баромада меравам, дилатон ба Нисо бошад, ҳамон духтарро ба занӣ гиред...”, вале Гулнора пеши роҳи келинашро гирифту назди писараш шарт гузошта гуфт:
-Ҳой бача, дониста бош, агар аз баҳри Нисо набароӣ, ман хонаро ба номи Замира ва наберачаам мегузаронам, баъд ба куҷое, ки меравӣ, рафтан гир. Чор тарафат қибла!
хххххх
Диловар, ки якравии модарашро медонист, хомӯш шуд ва зоҳиран чунон вонамуд кард, ки ҳушаш ба сараш задааст. Пас аз ҳамон ҷанҷол вай каме ба занаш меҳрубонтар гашт, вале ҳамоно пинҳонӣ бо Нисо вомехӯрд.
Давом дорад
ххххххх
Гулнора боре ҳангоми аз мағозаи Садбарг харид кардан ногаҳ мошини собиқ шавҳарашро дид. Нисои найрангбоз бо падари Диловар буд. Гулнора “воҳ” гуфту дар ҷояш карахт шуд. ” Худоё, наход ин духтари ҷавон бо марди ҳамсоли падараш муносибати ошиқона дошта бошад? Писари ман ин духтарро аз ҷонаш бештар дӯст медорад, Нисо падари Диловар будани ошиқашро медониста бошад...”-мегуфт ” худ ба худ.
Барои фаҳмидани асли ҳол вай худро базӯр ба даст гирифта, ба назди мошини собиқ шавҳараш омад ва писханд зада гуфт:
-Салом кабӯтарони дуқӯша!
Нисо модари Дидоварро дида, худро гум кард, аммо чашмони собиқ шавҳараш бо дидани ӯ барқ заданд ва хушҳолона гуфт:
-Салом Гулнора! Бисёр хурсандам, ки баъди солҳои зиёд худои меҳрубон маро дубора бо ту рӯ ба рӯ кард...
Нисо ба мошин нишаста дарро пӯшид.
Зоир чашмашро аз Гулнораи зебову покиза накрада, ҳамоно хушгӯӣ мекард: “Гулнора, баъди ту ман се бор зан гирифтам, вале ягонтаашон ба нохуни пойи ту набаромад. Чанд бор ба ҷустуҷӯят рафтам, вале ҳамсояҳо гуфтанд, ки хонаро фурӯхта ба дигар ҷо кӯчидаӣ. Писарамон чи хел? Худат чӣ ҳол дорӣ...”
-Ана ҳамин арӯси даруни мошинат нишастагӣ зани дуюми никоҳии писарат Диловар аст,-бо ғазаб ҷавоб дод Гулнора.
-Эй вой хок бар сарам! Фаро аз мошин қ... ҷ..., , дигар туро набинам!-Зоир бо ғазаб дари мошинро кушода, аз дасташ дошта, Нисоро кашолакунон аз мошинаш фаровард ва бо дашному ҳақорат ронд. Нисо аз мошин фаромада гурехта рафт...
ххххххх
Зоир аз Гулнора бисёр хоҳиш кард, ки як бор писарашро бубинад. Онҳо ба хона омаданд. Зоир бо Диловар хеле сӯҳбат карданд. Диловар аз хурсандӣ ашки шодӣ мерехт.
Гулнора, ки солҳо боз ташнаи дидори Зоир буд ва шабҳои танҳоиро ба хотири дидани руйи вай рӯз мекард, ашки чашмонашро пинҳонӣ пок карда, худ ба худ зери лаб мегуфт, диле ки дӯст медорад, бад дида наметавонистааст....
Давом дорад