Якбора бе ному нишон гаштани одамон як падидаи маъмулии замони муосир гашта, қариб ҳар ҳафта хабари гум шудани ин ё он шахс ба гӯш мерасад. Ташвишовараш он аст, ки бештар занону духтарон якбора ғайб мезананд. Субҳи имрӯз хабари нопадид гаштани боз як духтари зебову қадраси тоҷик дар сомонаҳои интернетӣ пайдо шуд. Ин хабари нохуш аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ-ро ба ташвиш овард ва барои фаҳмидани тафсилоти ҳодиса ба падари Суман-Иногбек Умаров занг задем.
Маълум шуд, ки Суман на дар Қазоқон, балки дар деҳаи Арбобхотуни шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст. Ин духтараки 20-сола дар ягон ҷо кор ё таҳсил намекард. Суман бо ҳукми волидонаш баъди хатми мактаби миёна хонашин шуда буд ва ба қавли падараш ҳаргиз бе иҷозат пояшро аз дарвоза берун намегузошт, аммо...
Шоми 23-юми сентябр байни падару духтар аз рӯйи як нофаҳмӣ ҷангу ҷанҷол ба вуҷуд омадааст. Акаи Иногбек, падари Суман бо афсӯс мегӯяд:
-Росташро гӯям, ман дар сари қаҳру ғазаб ман духтарамро сарзаниш намуда, носазо гуфтам, вале дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки суханонам ба ӯ ин қадар сахт мерасанд.
Пас аз ин моҷаро Сумани 20-сола қаҳр карда аз хона баромада меравад. Ба ҳамин дигар касе ӯро надидааст .
Инак, муддати 7 шабонарӯз аст, ки падару модар ва хешу табор бо чашмони гирёну қалби хунбор Суманро ҷустуҷӯ доранд, вале то ҳол дар борааш ягон маълумот пайдо накардаанд.
Падари Суман аз шарҳи сабаби моҷаро худдорӣ намуда гуфт:
-Ин гапи телефонӣ нест, баъдтар ман ба редаксияи Оила. ТЧ меоям ва ҳамаашро ба шумо аз наздик мефаҳмонам.
Мо аз тамоми шахсоне, ки ин духтараки нозанинро дар ягон ҷо дидаанд ва ё дар борааш чизе медонанд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳатман бо волидони Суман занг зада, ин падари ҷигарсӯхтаро аз ғаму дард раҳоӣ бубахшанд.
Телефон барои тамос: 904-55-39-91