Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз натиҷаи наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар он муноқишаи як гурӯҳи наврасон дида мешуд, хабар додааст.
Шаҳрвандону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дархост намуданд, то нисбати ҳуқуқвайронкунандагон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардида, нафарони қонуншикан муайян карда шуданд. Зимни санҷиш ошкор гардид, ки ҳодисаи мазкур дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух дода, як гурӯҳ наврасон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ миёни ҳамдигар муноқиша кардаанд, ки дар натиҷа ягон нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ набардоштааст.
Мақомоти милитсия шахсияти ҳамаи иштирокдорони муноқишаро муайян ва дастрас карда шуд. Дар баробари баргузори суҳбатҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамзамон нисбати 12-нафар волидайни нобилиғон тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.