Волидон акнун ChatGPT-ро назорат карда метавонанд
57

Ширкати OpenAI барномаи наверо роҳандозӣ намудааст, ки туфайли он волидон метавонанд чат-боти ChatGPT-ро зери назорат бигиранд. Дар ин бора Reuters хабар додааст.

Тавре манбаъ менависад, акнун сабтҳои волидон ва фарзандони онҳоро бо ҳамдигар пайвастан имконпазир аст. Падару модарон метавонанд минбаъд дастрасии фарзандони навраси худро ба ChatGPT зери назорат гирифта, мундариҷаи маводҳоро таҳрир намоянд ё дастрасии кӯдаконро ба баъзе бахшҳо маҳдуд созанд. Агар шабака ба хулосае ояд, ки наврас дар ҳолати буҳронӣ қарор дорад, кормандони OpenAI ба волидонаш фавран огоҳӣ мефиристанд.

Ин иқдом дар пасманзари даъвои оилаи Адам Рейн, як мактаббачаи 16-сола аз Калифорния ҷорӣ гаштааст, ки моҳи апрели соли равон даст ба худкушӣ зада буд. Пайвандони Адам Рейн алайҳи OpenAI ва директори генералии он Сэм Олтман шикоят кардаанд. Онҳо бар он назаранд, ки фарзандашон пас аз чанд моҳи муҳокимаи ин масъала бо ChatGPT худкушӣ карда, дар таҳия намудани нақшаи худкушӣ чатбот ба ӯ кумак расонидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД