goodwell
Вокуниши Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон ба танбеҳи хонанда
16.09.2026
Oila.tj
95

Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон рафтори омӯзгори мактаби №72-ро, ки хонандаи хурдсолро барои надоштани лавозимоти таҳсилӣ бо телефони мобилӣ ба навор гирифта буд, ғайрикасбӣ арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи шуъба, омӯзгор иддао кардааст, ки ҳадафаш водор кардани хонанда ба масъулияти бештар будааст. Аммо навор гирифтани кӯдак ва фиристодани он ба волидайнро усули дурусти педагогӣ надонистаанд.

Омӯзгор ба шуъбаи маориф даъват шуда, тавзеҳот додааст. Дар натиҷа, нисбат ба ӯ чораи интизомӣ андешида шуда, танбеҳ дода шудааст. Ҳамчунин, гуфта шудааст, ки истифодаи телефони мобилӣ дар вақти дарс низ хилофи талаботи қонун мебошад.

Шуъба ҳушдор додааст, ки дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои иловагӣ, масъалаи дур кардани омӯзгор аз фаъолияти касбӣ низ баррасӣ мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД