Дар шабакаи иҷтимоии «ТикТок» наворе паҳн гардид, ки дар он хонандаи синфи 3 «Б»-и Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз баҳои «2»-и гузоштаи омӯзгори фанни забони англисӣ изҳори норозигӣ мекунад.
Дар пайи паҳн шудани навор шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, ҳолати мазкурро мавриди омӯзиш қарор додааст.
Тибқи иттилои шуъбаи маориф, аъзои гурӯҳи корӣ бо омӯзгори фанни забони англисӣ Шукурова Қурбонбӣ Нуралиевна, хонанда Сафарзода Марям ва волидони ӯ суҳбат намуда, рӯзномаи хонанда ва дигар маълумоти марбут ба раванди таълимро мавриди санҷиш қарор додаанд.
Муайян шудааст, ки 23-юми сентябри соли 2026 зимни дарси забони англисӣ омодагии хонандагон санҷида шуда, Сафарзода Марям ба дарс омодагии зарурӣ надоштааст. Дар натиҷа, омӯзгор ба хонанда баҳои «2» - «ғайриқаноатбахш» гузоштааст.
Мақомоти маориф таъкид мекунанд, ки баҳои паст дар ин ҳолат натиҷаи арзёбии сатҳи омодагии хонанда буда, ба муносибати шахсии омӯзгор рабт надорад.
Ҳамзамон, шуъба аз паҳн кардани навори кӯдакони ноболиғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, ки чунин амал метавонад ба муносибати минбаъдаи кӯдак бо ҳамсинфон ва омӯзгорон таъсир расонад.
Дар ҳамин ҳол, мақомот аз волидон даъват кардаанд, ки масъалаҳои марбут ба таълиму тарбияи фарзандонро пеш аз ҳама тавассути ҳамкорӣ бо омӯзгорон ва муассисаи таълимӣ ҳал кунанд.