Sebiston new 2024 october
Вохӯрии Рамшед бо мурдахӯр (ҚИСМИ 2)
19.04.2024
ОИЛА.ТҶ
1237

 

Дарди бедармон

Рӯзи дигар дар деҳа овоза паҳн шуд, ки кампири Ашўрбӣ сахт бемор шуда аз гапу ҳарф мондааст. Мардум миш-миш мекарданд, ки ҳоли холаи Ашўрбӣ бисёр бад аст, багумон, ки аз бистари беморӣ бархезад.

Аз рӯйи таомули деҳа ба хонаи акаи Ҳамдам ба аёдати бемор рафтем. Холаи Ашўрбӣ дар ҳақиқат беҳолу бемадор хоб буд. Чашмонаш пӯшида буданд, вале талх-талх нолиш мекард.

- Холаҷон, ба шумо чӣ шуд?,- ба бемор наздиктар нишаста пурсидам ман, вале падарам даст ба лаб бурда, ишорат намуд, ки хомӯш бошам.

- Очаам касеро намешиносад, чизеро намефаҳмад, тамоман аз гапу ҳарф мондааст,- оби чашмонашро пок карда гуфт духтараш Ситора.

- Дирӯз нағз буданд-ку!,- вохӯриамонро бо холаи Ашўрбӣ дар гӯристон ба ёд оварда, пурсидам бо ҳайрат.

- Очаам дар ҳақиқат дирӯз сип-сиҳат буданд. Саҳар говҳоро ба чарогоҳ бурданду баъди баргаштан якбора табларза карданд. Дар пайроҳаи қабристон кадом махлуқи даҳшатнокро дида, сахт тарсидаанд,- ба суҳбат ҳамроҳ шуда, гуфт келини хурдии холаи Ашўрбӣ - Муслима.

- Ҳеҷ гап не, ин кас одами бақувват, худо хоҳад, дар ду-се рӯз сиҳат шуда, ба по мехезанду боз асп барин тохта мегарданд,- дилбардорӣ намуд падарам.

Мо қариб як соат дар назди бемор нишаста аз ину он суҳбат кардем, вале дар ин муддат кампир ақаллан як бор ҳам чашмонашро накушод. Вай ҳамоно бо чашмони пӯшида нолиш мекард ва баъзан аз чизе тарсидагӣ барин, дод мегуфт.

Бо соҳибхонаҳо хайрухуш намуда, баромадем. Раҳораҳ ҳар кас сабаби бемории кампирро ба таври худаш шарҳ медод. Яке мегуфт, ки холаи Ашўрбиро бало задааст, дигарӣ тахмин мекард, ки кампир дев ё ҷинро дида, аз тарс бемор шудааст…

Ҳамон шаб ба фикрам касе аз аҳли деҳа аз тарс аз хонааш набаромад.

Марги пурасрор

Субҳ, баробари баланд шудани садои азон аз хонаи бобои Ҳамдам овози гиряву нолаи ҷонсӯзи духтару келину набераҳояш ба фалак печида, аз он дарак дод, ки кампири Ашўрбӣ аз олам гузаштааст.

Занҳо ба сар рӯймоли сафед андохта, ҷониби мурдахона равон шуданд, мо, мардҳо бошем, баъди хондани намози бомдод роҳи хонаи бобои Ҳамдамро пеш гирифтем.

Абри тираи ғам фазои ин хонадони ду рӯз пеш ба тӯйхона монандро фаро гирифта, хурду калон дар сӯги кампираки меҳрубону беозор гиря мекарданд. Духтарҳои холаи Ашўрбӣ рӯю мӯяшонро канда, «очамой» гӯён, нола мекарданду келину набераҳояш бо онҳо ҳамовоз шуда, сӯзу фиғонашонро бо сухан баён менамуданд, шавҳари пиру бемораш бошад, пушташро ба девор гузошта, беовоз ашк мерехт. Маълум буд, ки даргузашти ҳамсари меҳрубонаш барои ин мӯйсафеди касалманд бохти бисёр калон аст.

Раиси маҳалла қарор дод, ки мурдаро пеш аз пешин баровардан лозим аст, вале қабрканҳо аз рафтан ба водии хомӯшон метарсиданд. Овозаю ҳангомаҳои даҳшатнок дар бораи мурдахӯр ончунон мардумро тарсонида буданд, ки дигар касе ҷуръати аз дарвозаи қабристон даромадан намекард. Марги пурасрори кампир ин овозаю ҳангомаҳоро вусъати тоза бахшида, ҳароси мардумро дучанд гардонд.

Раис ба дасти чор ҷавони паҳлавон таёқҳои пурқувват дода, онҳоро қариб зӯран ба қабрканҳо ҳамроҳ намуда, ба гӯристон фиристод, то барои майит ҷой тайёр кунанд.

РАМШЕД

P.S. Ин ҳодиса дар яке аз деҳаҳои дурдасти кишварамон ба амал омада, барои ба иззати нафси қаҳрамонҳои асосӣ нарасидан, номҳояшон иваз карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД