arzon replenishment
Вохӯрӣ бо одами ваҳшӣ
2160

 Саргузашти марде, ки ғулро мутеъи худ гардонд

Се марди чорпаҳлӯи паҳлавонҷусса аспсавор меомаданд. Аспи бобои Тоҳир сафед, аспи Шариф сурхчатоб ва аспи бобои Ҳамроҳ гули бодом буд. Бобои Ҳамроҳ назар ба рафиқонаш босалобаттар менамуд. Ӯ марди қоматбаланди ҳузарб ва сурхинарӯ буда, дар деҳа бузкаши номдор буд.

Бобои Тоҳирро бошад, мардум бо ҳазлҳои намакинаш мешинохтанду эҳтиромаш менамуданд. Ин мӯйсафеди ҳозирҷавобро ҳамагон дӯст медоштанд. Шариф бо вуҷуди паҳлавонсурату тану тушдор будааш бузкашӣ намекард. Ӯ аспашро ба ҷурааш ҳамроҳ барои тохтан медод. Агар дар хонадоне меҳмон шавад, бобои Тоҳир ҳатман ба соҳибхона таъкид мекард, ки худамро нею аспамро эҳтиром намо. Яъне, аспро нағзакак ҳору мол карда, ҷавашро фаровон бидеҳу зери пояшро тоза нигоҳ дор!

Боре ҳангоми базми тӯёна човандозҳоро огоҳ мекунанд, ки ба хонаҳо тақсим шаванд. Дар хонае, ки бобои Тоҳиру рафиқонаш мехобиданд, одаме ношиносе низ мехобид. Нимишаб бобои Тоҳир ба берун баромада, аспашро дар назди дарвоза мебинаду дуд аз димоғаш мебарояд. Вай соҳибхонаро барои чунин бепарвоияш дашном дода то субҳ худ ба худ аз алам ғур-ғур мекунад. Саҳарӣ бошад бо латифаҳои бофтааш соҳибхонаро расо масхара намуда, азиз будани аспашро мефаҳмонад. Соҳибхона бобои Тоҳири номдор будани меҳмонро шунида узр мепурсад.

Бобои Ҳамроҳ бошад, дар баробари човандози моҳир буданаш ҳунари кӯҳгардӣ низ дошт. Вай ҳар сол баҳорон аз аввалҳои тирамоҳ ба кӯҳсор ба саёҳат мерафт. Боре бобои Ҳамроҳ ба сайри кӯҳсор баромада бобунаашро даруни калф пинҳон намуд (Калф-хонаи сангинест, ки худи табиат бунёд месозад). Бобои Ҳамроҳ бору бунаашро пинҳон намуда, ба қуллаи баландтар баромадан хост. Кӯҳистон орому сокит менамуд. Сукути қуллаҳоро гоҳ-гоҳ садои хониши кабкони дарӣ халалдор мекард. Бобои Ҳамроҳ аз хониши кабкон илҳом гирифта сурудеро зери лаб зам-замакунон ба қулла мебаромад. Баногоҳ аз пеши роҳаш одамизоди қавиҳайкали пурпашми ба маймун шабоҳат доштае баромад. Бобои Ҳамроҳ аввал аз дидани ин одами маймунбашара тарсид. Бадани махлуқро мӯйҳои ғафс пӯшонида буданд. Ҳамроҳ дар бачагӣ аз забони одамони куҳансол дар бораи ғулу деву парӣ нақлу ривоятҳои зиёде шунида буд, аммо ба мавҷуд будани ин махлуқот бовар надошт. Аммо акнун ҳайвони одамшакл ё одами ваҳшӣ дар рӯ ба рӯяш рост истода буд. Аз чашмони махлуқи пашмин гӯё оташак мепарид. Одами ваҳшӣ низ якбора бо одамизод вохӯрданаш дар тааҷҷуб буд, ки чашм аз сару сурати бобо Ҳамроҳ намеканд. Шояд ғул мехост ӯро мутеъи худ кунад ё ҳуҷум намояд. Бобои Ҳамроҳ дастаи табарро дар дасташ сахттар фишурд. Аввалин зарбаи табар ба пойи махлуқи пашмин расид. Табари тез як пои махлуқро маҷрӯҳ намуду ғул маҷбур шуд фирор кунад. Бобои Ҳамроҳ низ хаставу шалпар шуда буду дигар махлуқро таъқиб накард. Чун шом наздик буд, ба калф баргашта хӯрок хурду хобид. Аммо аз даҳшати ғул бобои Ҳамроҳро хоб намебурд. Ёд надорад, ки кай хоб ғолиб омаду чашмашро пӯшидааст. Нохост ҳис кард, ки ҷуссае болояш хам шуда гулӯяшро мефишорад. Бобои Ҳамроҳ бо тамоми қувва дод зада ҷуссаи бадвоҳимаро аз худ дур кард. Дар торикӣ ғули пашмин бадвоҳиматар менамуд. Ғули ба ғазабомада, хез зада ба пушти бобои Ҳамроҳ савор шуду бо тамоми қувва дастонашро ба гардан ва пойҳояшро ба миёнаш ҳалқа кард. Бобои Ҳамроҳ аз фишори занҷири дастони ғул нафасгир мешуд. Ин дам ба сараш андешае омаду роҳи аз ғул халос шуданро ёфт. Бобои Ҳамроҳ ғул дар пушт ҷониби гулхан равона шуд ва хам шуда лахчаи сӯзонро ба дасти ғул расонид. Пашми дастони ғул валангос зада оташ гирифту бӯйи ғализ атрофро фаро гирифт. Ғул аз шиддати сӯзиш дастонашро аз гардани Ҳамроҳ кушод. Акнун гӯштингирии тан ба тани Ҳамроҳу ғул сар шуд. Ин дам аз куҷое сагчаи зарди пахмоқи Бобои Ҳамроҳ, ки Зардгул ном дошт ба ёрии соҳибаш расид. Зардгул ҷасурона ба пойҳои ғул дандон меандохт. Ғул аз шиддати дард дар худ мепечид.

Зардгул беист ҷониби ғул аккос мезад. Бобои Ҳамроҳ зуд ба худ омада ғулро дар банд гирифт. Ғул ба гиря даромад. Гиристани ғулро дида, бобои Ҳамроҳ дар ханда шуд. Ғул бо чашмони пуроб ба Ҳамроҳ менигарист. Дили бобои Ҳамроҳ ба ҳоли махлуқи пашмин сӯхт, зеро хуб медонист, ки то ин дам ғул одамизодро мутеъи худ мекарду акнун худаш мутеъи одам шудаасту аз ин рӯ мегиряд. Бобои Ҳамроҳ дастони ғулро кушод. Ғул чолокона гурехта аз назар пинҳон шуд.

Аз байн чанд муддат гузашт. Рӯзе бобои Ҳамроҳ саргарми кору бори хона буд! Ҳезум кафонду печка шинонд. Умуман, ҷумбуҷули зиёд карда монда шуду ҳанӯз аввали шаб хобид. Занаш танӯр сохта буду гирдашро меловид. Кӯдаконашон ҳама дар тӯйхона буданд. Ҳамсояи дурашон тӯй дошту овози мусиқӣ меомад. Ғули пашмин хонаи бобои Ҳамроҳро ёфта, он шаб барои қасосгирӣ омад. Хонаро хилват ёфта, ғул вориди ошхона шуд. Аз дидани симои даҳшатноки ғул зани Ҳамроҳ қариб дилкаф шуда бо тамоми овоз фарёд зад. Ғул ба зан наздик шуда торсакии обдоре ба барии рӯяш фаровард. Аз зарби дасти ӯ зан даруни танӯр ғел хӯрд. Бобои Ҳамроҳ садои занашро шунида саросема аз хона берун шуду тозон дур шудани сиёҳии азимеро дида яқин кард, ки ғул аст. Зани беҳуш хобидаашро ӯ бо азобҳои зиёде ба худ овард, вале бечора аз тарс сухан гуфта наметавонист. Бо ҳамин тарс ба беморӣ печида баъди як ҳафта зани бобои Ҳамроҳ ҷон ба ҷаббор супорид.

Дили бобои Ҳамроҳ хун мегирист. Мотам дошт, марди паҳлавон. Баъди чили завҷааш бобои Ҳамроҳ ба кӯҳ рафт, то ғулро дастгир намуда ҷазо диҳад. Рӯзи сеюм шабона бобои Ҳамроҳ бо ғул вохӯрд. Ғул пас аз набарди тӯлонии тан ба тан аз нав дар дасти бобои Ҳамроҳ бандӣ шуд. Аммо Ҳамроҳ ин даъфа ҳам ғулро накушт. Ӯ аз гӯшҳои ғул дошта тавбааш дод. Ҳезуми пешакӣ тайёкардаашро ба пушти ғул баста Ҳамроҳ фармон дод, ки ғул ҳезумро то деҳа бубарад. Бобои Ҳамроҳ ҳар чӣ мефармуд, ғул бо сарҷумбонӣ мепазируфт, вале ҷавобе намегуфт. Бобои Ҳамроҳ ғулро қасам дод, ки ҳафт пушташро наранҷонад. Ғул бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд.

-«Минбаъд ҳар ҳафта, рӯзи якшанбе, як дарза ҳезум ҳамин ҷо тайёр бошад»,-гуфт бобои Ҳамроҳ ғулро таҳдидкунон. Ғул боз сар ҷумбонд. Бобои Ҳамроҳ ҳар ҳафта ҳезуми овардаи ғулро ба хараш бор карда, ба хонааш мебурд. Ҳамин тавр мӯйсафеди паҳлавон ғулро мутеъи худу авлодонаш намуд. Аммо ғулро ба ҷуз бобои Ҳамроҳ дигар касе намедид.

Ш. Розиқова

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД