Дар идомаи сафари хизматӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, намояндаи Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» дар штати Иллинойс бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои ин штат ва ҳамчунин дар иёлати Мичиган таҳсил мекунанд, вохӯрӣ ва суҳбат анҷом додааст.
Бино ба иттилои Маркази “Дурахшандагон”, донишҷӯёни мазкур дар Донишгоҳи Иллинойс дар Урбана-Шампейн, Донишгоҳи давлатии Иллинойс ва Донишгоҳи Окленди Амрико тариқи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" таҳсил доранд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардидааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил таваҷҷуҳи доимӣ медиҳанд. Аз ҷумла, таъсиси Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» яке аз намунаҳои равшани дастгирии Пешвои миллат ба ҷавонон ба шумор меравад, ки бо истифода аз он ҷавонон имкони таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонро пайдо менамоянд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои муҳим, аз қабили тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, дурӣ ҷустан аз ҳама гуна зуҳуроти ифротгароӣ, истифодаи самараноки вақт, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва фанҳои муосир, инчунин омодагӣ ба бозгашт ва саҳмгузорӣ дар рушди Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.