Муборак бод, ҷашни нурборат, Артиши миллӣ,
Муборак бод, авҷи ифтихорат, Артиши миллӣ.
Ба миллат, бо Ватан, бо амри Сарфармондеҳи Олӣ,
Муборак бод, аҳди устуворат, Артиши миллӣ.
Ба ифтихори 30-юмин солгардӣ рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонаи Оила. ТЧ дар ҳамкорӣ бо Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар қисми ҳарбии 08010-и Маркази таълимии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ бо сарбозону афсарони ин қисми низомӣ мулоқоти ҷолибе доир намуд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ чеҳраҳои машҳури санъати тоҷик-роҳбари бадеии ансамбли “Чаман” Муҳаррама Шарипова, ҳунармандони ҷавону боистеъдод Бахтиёр Оқилов ва Сумбула Алматова иштирок намуда, бо таронаҳои ҷаззоби худ хотири сарбозонро шод гардониданд. Аскарбачаҳо низ дар навбати худ ҳунару маҳораташонро нишон доданд.