sebiston july new
Воҳимаи короновирус: дар Шаҳринав сирпиёздуздӣ сар шуд
3475

Дар заминҳои ду деҳаи ноҳияи Шаҳринав, ки деҳқонон сирпиёз корида буданд, шаби гузашта аз ҷониби гурӯҳӣ дуздон талаву тороҷ шудааст.

Як манбаи муътамад, бидуни овардани ному насабаш ба мо иттиллоъ дод, ки шаби гузашта дар деҳаи Чиптӯраи н. Шаҳринав сирпиёз аз заминҳои кишгаштаи деҳқонон, ки айёми ғундоштани ҳосили онҳо расида аст, аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шуд.

 

Айнан чунин ҳолат ба сари  деҳқонони деҳаи Қизилбайрақи ноҳияи мазкур омада аст. Бояд тазаккур дод, ки бо доман паҳн кардани коронавирус дар саросари дунё ҳамаро нигарон намудааст.

Хабарнигори сомонаи Оила ин мавзуъро пайгирӣ намуда, барои гирифтани тафсилоти бештар бо РВКД-и ноҳияи Шаҳринав дар тамос шуд. Онҳо азм намуданд, ки вобаста ба ин вазъият шарҳи расмӣ надоданд, чунки аз ҷониби деҳқонони ин ду деҳа то ҳол ба онҳо ягон аризаи шикоятӣ нарасидааст.
Овозаҳо дар он хусус паҳн шудаанд, ки гӯё сирпиёз (чиснок) бемории COVID-19-ро аз организми шахс нест мекунад. Тоҷирони тоҷик аз ин фурсат истифода бурда, нархи 1 кг сирпиёзро то ба 100 сомонӣ расонидаанд.  Чун мардум имкони харидани 1 кг сирпиёзро бо арзиши 100 сомонӣ надорад, маҷбуранд, ки як донаи онро бо нархи 10 сомонӣ харидорӣ намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД