arzon replenishment
ВМКБ: Олими маъруф Саидмир Шомансуров даргузашт!
3733

Дар қатори дигар донишмандони кишварамон боз як олими дигар ҷон ба ҳақ таслим намуд. Бинобар иттилои сомонаи расмии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ин шахс олими машҳуру чирадасти соҳаи биология, доктори илмҳои биологӣ, профессор Саидмир Шомансуров мебошад, ки 26-майи соли ҷорӣ тарки дунё намуд. Сабаби фавт зикр нашудааст.

Бояд шарҳ дод, ки Шомансуров Саидмир соли 1951 дар ш. Хоруғ, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи № 8-и ш. Хоруғ ба номи Сайфулло Абдулло, ба факултаи физикаи Донишгоњҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, онро соли 1974 бо муваффақият хатм намудааст. Баъд аз хатми донишгоҳи номбурда дар солҳои 1974-1975 ба ҳайси омузгори фанни физикаи мактаби миёнаи № 7-и ноҳияи Шуғнон ба кору фаъолият оғоз намуда, аз соли 1975 фаъолияти илмиашро дар Институти биологии Помири Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон ба сифати лаборанти калон (аз соли 1975 то 1977) оғоз намуда буд. Дар тӯлли солҳои 1977-1981 дар аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуд, ва аз соли 1981-1991 ба сифати ходими калони илмии Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков, аз соли 1994-1997 ҳамчун ходими пешбари институти номбурда кору фаъолият кардааст. Дар соли 1982 рисолаи номзадӣ ва дар соли 1995 рисолаи докториро дар Шурои диссертасионии Институти физиологияи растаниҳои ба номи К. А Тимирязеви ш. Москва бомуваффақият дифоъ намудааст. Шомансуров С муаллифи зиёда аз 130 мақолаи илмӣ, 6- монография ва 4 дастури илмӣ-методӣ мебошад. Дар давоми фаъолияти илмиаш таҳти роҳбарии профессор Шомансуров,  зиёда аз 5 нафар шогирдонашон рисолаҳои номзадиро дифоъ намуданд.

Дар солҳои 2009-2010 дар вазифаи муовини директор оид ба корҳои илмии Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков, солҳои 2007-2009 сардори бахши растанипарварии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ш. Хоруғ, солҳои 2010-2016 директори Стансияи таҷрибавии кишоварзии Помири Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва аз соли 2016 то ҳол дар вазифаи мудири шуъбаи картошкапарварию сабзавоткории Стансияи номбурда адои вазифа намудааст.

Аз соли 1995 то охири умраш ҳамчун профессори кафедраи Биологияи умумии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев адои вазифа кардааст.

Тавре, ки дӯстонаш мегӯянд: Шомансуров дар байни ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев соҳиби ҳурмату эҳтироми калон буд.

Ҳайати профессорону омузгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев аз даргузашти донишманд ва омузгори бомаҳорат профессор Шомансуров Саидмир сахт андуҳгин буда, барои пайвандон хешу табор ва ёру дустон марҳум сабру ҷамил хохонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД