Витаминҳои зебоӣ моддаҳое мебошанд, ки ба бадан қувват ва нерӯи иловагӣ барои нигоҳ доштани саломатӣ ва зебоии табиии пӯст, мӯй ва нохунҳо мебахшанд.
Саломатӣ ва зебоӣ бо ҳамдигар зич алоқаманданд. Набудани витаминҳо дар бадан на танҳо дар бад шудани некӯаҳволӣ зоҳир мешавад, балки ба намуди зоҳирӣ низ таъсир мерасонад. Меъёрҳои зебоӣ метавонанд тағйир ёбанд, аммо дар ҳама давру замон пӯсти солими тоза ва мӯи ғафс аломатҳои хоси он боқӣ мондаанд.
Аксар вақт, бо мушоҳидаи бад шудани ҳолати мӯй, пӯст, нохунҳо, мо ба истифодаи косметикаи махсус шурӯъ мекунем, ки таъсири он метавонад муваққатӣ бошад, аммо сабаби тағирот боқӣ мемонад. Ин метавонад на танҳо кори аз ҳад зиёд, стресс, реҷаи нодурусти ҳаррӯза, балки авитаминоз низ бошад. Витаминҳо бо ғизо ба бадан ворид мешаванд, аммо агар парҳез номутаносиб бошад, беҳтар аст, ки онҳоро ба таври иловагӣ қабул кунед.
Муҳимтарин витаминҳо ва микроэлементҳо, ки норасоии онҳо дар намуди зоҳирӣ зоҳир мешавад, витаминҳои A, E, D, C, B, калсий, руҳ, магний, селен, оҳан, мис, йод мебошанд.
А,ретинол – таъсири зиддиилтиҳобӣ дорад, пӯстро ҷавон мекунад;
В1, тиамин – пиршавии бармаҳалро пешгирӣ мекунад;
В2, рибофлавин – ҳуҷайраҳои пӯстро бо оксиген пур мекунад;
В5, пантотеновая кислота – чинҳои пӯстро ҳамвор месозад;
В6, пиридоксин – барои табобати бемориҳои пӯст самарабахш аст;
В9, фолиевая кислота – наракҳои пӯстро рафъ месозад;
В12, - ҳуҷайраҳоро зиндаву пӯстро ҷавон месозад;
С, аскорбиновая кислота – коркарди коллагенро ба эътидол оварда, яраву захмҳои пӯстро шифо мебахшад;
Д – тароватнокиро дар пӯст нигоҳ медорад;
Е, токоферол – аз нурҳои офтоб ҳифз мекунад;
К – доғҳои кунҷитак ва варами пӯстро рафъ месозад;
РР – пӯстро аз омилҳои зараррасон ҳифз мекунад;
Н, биотин – мубодилат чарбӣ ва карбогидратро ба эътидол меорад.
Аломатҳои норасоии витамини зебоӣ
- Пӯст хушк ва кунд мешавад;
- Дардҳо, хориш, сурхшавӣ ва варамҳо пайдо мешаванд;
- Равандҳои пиршавии бармаҳал вусъат меёбанд;
- Афзоиши мӯй ва нохунҳо суст мешавад;
- Мӯйҳо зуд – зуд мерезанд ва шикаста мешаванд;
- Мӯйҳои сафед пайдо мешавад;
- Дар нохунҳо доғҳои сафед ва чуқуриҳо пайдо мешаванд;
Ҷавонӣ ва зебоии табиии пӯст ба даҳҳо омилҳо вобаста аст. Нигоҳ доштани ҳамаи онҳо метавонад душвор бошад, аммо муҳим аст, ки сатҳи витаминҳоро дар санҷишҳои лабораторӣ риоя кунед, то камбудиҳоро пешгирӣ кунед ё онҳоро ҳарчи зудтар ҷуброн кунед.
Ҳамеша зебо бимонед!